09:52 گرينويچ - شنبه 18 اکتبر 2008 - 27 شنبه مهر 1387

Барномаи мусиқии тоҷикӣ

Ин барнома маҷмуъае аз суруду оҳангҳо, мусохибаҳо бо аҳли ҳунару эчод, рӯйдодхои тозаи фарҳангу ҳунар ва матолиби саргармкунанда аст. Барномаи мусиқии тоҷикӣ дар рӯзҳои мухталиф зери унвонҳои гуногун нашр мешавад. Рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе ин барнома бо унвони пуртарафдортарин оҳангҳо пахш мешавад ва оҳангҳои тоҷикӣ, иронӣ, афғонӣ, туркӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ ва ғарбиро дар бар мегирад. Рӯзи ҷумъа номи он барномаи тафреҳист, ки тозатарин рӯйдодҳои саргармкунанда ва ҳунар ва таҳаввулоти гайримаъмулро дар дохили кишвар ва баъзан хориҷ аз он дар бар мегирад. Гардонандаи барнома мусоҳиботеро бо ҳунармандон, овозхонон ва аҳли эҷод анҷом медиҳад. Рӯзи сешанбе ин барнома бо номи оҳанги зиндагӣ нашр мешавад ва гуфтугӯ бо чеҳраҳои шинохтаи ҳунар ва фарҳанг дар бораи муваффақиятҳои эшон, бархе аз саҳнахои ҷолиби зиндагии шахсии онҳо, бо истифодаи пораҳое аз намоишномаҳо, филмҳо ва оҳангу мусиқиро эҳтиво мекунад. Рӯзҳои чаҳоршанбе ва якшанбе оҳангҳои мавриди дархости шунавандагон пахш мешавад. Шунавандагон метавонанд дидгоҳҳо ва пешниҳодоти худ дар бораи ин барномаро аз тариқи телефунҳои шумораи 00 992 372 21 00 81, 00 992 372 27 00 21 дар шаҳри Душанбе бо гардонандагон ва таҳиякунандагони барнома дар миён бигзоранд.

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.