|
Ду корманди Сандуки Окохон гарк шуданд
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Бар асоси хабари Дафтари Сандуки рушди Окохон дар Точикистон, Афзалшо Пулкишоев, табаъи Точикистон ва Абдулбасири Нузур, шахрванди
афгон, кормандони Бахши кумак барои Афгонистони ин Сандук ба хангоми интиколи маводди имдоди ба вилояти Бадахшони Афгонистон
дар рудхонаи Панч гарк шудаанд.
Гуфта мешавад, ин ходиса дар минтакаи Хумрогии нохияи Ванчи вилояти Бадахшон, дар шарки Точикистон иттифок афтода ва то хол чустучуи ачсоди ин ду нафар идома доштааст. Ба гуфтаи Комилчон Бурхонов, масъули Бахши кумак барои Афгонистони Сандуки рушди Окохон дар Точикистон дар замони чанги дохили дар Афгонистон роххои иртиботи аз шимоли ин кишвар ба навохии Бадахшони Афгонистон тахриб шудааст.
Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед Окои Бурхонов таъкид кард, ки ба ин далел ироаи маводди сохтмони, тачхизот барои мадорису бемористонхо ва соири мавод ба вулусволи ё навохии Дарвоз, Шикай, Шугнон ва Вахони Бадахшони Афгонистон аз тарики Точикистон сурат мегирад. Комилчон Бурхонов гуфт, ки умдатан маводди имдоди аз навохии Ванч, Рушон, Дарвоз ва Ишкошими Точикистон ба Афгонистон аз тарики пулхои иртиботи ё тавассути койики лостики аз рудхонаи Панч сурат мегирад. Тибки иттилоъи Бахши кумак барои Афгонистони Сандуки рушди Окохон дар зарфи дах соли ахир ин нахустин ходисаи марги афроди гурухи кумакрасон аст, ки дар ин минтака рух додааст. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||