|
Нигарони аз афзоиши мавориди шиканча
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дар як нишаст дар шахри Душанбе, ки рузи сешанбе, 8 июл ба ибтикори Барномаи тавсеъа ва Комиссориёи олии Созмони миллали муттахид
дар умури хукуки башар, Созмони амнияти ва хамкори дар Урупо ва давлати Точикистон баргузор шуд, вазъи риъояти хукуки башар
дар Точикистон нигаронкунанда арзёби шудааст.
Дар ин хамоиш таъкид шудааст, ки бо вучуди пайвастани Точикистон ба Конвенсиюни Созмони миллали муттахид алайхи шиканча дар соли 1995 мавориди шиканча, тахдид ва азияти афроди мазнун ва зиндониён дар ин кишвар кохиш наёфтааст.
Назар ва пешниходхои худро перомуни ин мавзуъ ба E-mail-и мо ба нишонии dushanbe.office@bbc.co.uk бифиристед
Тибки иттилоъи манобеъи давлати Точикистон дар зарфи се соли ахир алайхи 117 тан аз кормандони ниходхои интизоми ва бозраси ба иттихоми кор гирифтани онхо аз шиканча алайхи афроди мазнун ва зиндониён парвандаи чинои боз гардида ва 264 нафари дигар мучозоти идори шудаанд. Афроди мазнун чи гуна шиканча мешаванд? Бархе аз вукалои мудофеъ, дар ин нишаст аз вучуди мавориди шиканча дар системи интизомии Точикистон ва бархурд кардан бо чунин казияхо дар тачрубаи худ сухбат мекарданд. Каюм Юсуфов, вакили мудофеъ дар Точикистон гуфт, ки ниходхои интизомии кишвар фардеро ба занни сиркати амволи хамсояаш боздошт карда ва бар асари шиканча ва азияту озори чисмию равони уро мачбур сохтаанд, ки ин иттихомро бипазирад. Пас аз шаш мохи дар зиндон ба сар бурдани ин фард, муттахами аслии чиноят боздошт ва мухокима шуда, вале шахсе, ки каблан ба ин иттихом зиндони шуда буд, озод нашудааст. Каюм Юсуфов бо ироаи ин мисол таъкид кард, ки тибки кавонини чинойи ё кайфарии Точикистон пулис хак дорад афроди мазнунро бидуни хузури вакили мудофеъ барои 24 соат дар боздоштгохи муваккат нигох дорад ва метавонад дар ин муддат умури бозрасиро анчом бидихад. Окои Юсуфов муътакид аст, ки дар ин гуна шароит пулис метавонад, аз тарики тахдид, шиканча ва азияту озор фарди мазнунро барои эътирофи чиноят водор кунад. Афзун бар ин, ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, ниходхои интизоми ва бозраси барои ворид сохтани фишори равони ба афроди мазнун хатто пайвандон ва наздикони ашхоси мазнунро тахдид ё азияту озор мекунанд. Каюм Юсуфов гуфт, ки бо вучуди мавориди зиёд ва ошкори шиканча ва озору азияти чисмонию равони дар боздоштгоххо ва зиндонхои Точикистон, ниходхои зирабти ин кишвар барои ислохи вазъи феъли икдоми чидди намекунанд.
Зимнан, Юсуф Салимов, масъули бахши тазмини хукуки шахрвандон дар дафтари раёсати чумхурии Точикистон эътироф кард, ки бештари муфоди кавонини чинойи ё кайфарии ин кишвар ба Конвенсиюни Созмони Милали Муттахид алайхи шиканча мугойират дорад. Аз чумла, ба гуфтаи окои Салимов дар кавонини чиноии Точикистон вазифаи ироаи иттихомот ва назорати онхо ба ухдаи ниходхои додситони вогузор шудааст, ки ин амр ба меъёрхои байналмилали мугойират дорад. Дар хамин хол, Комиссориёи олии Созмони миллали муттахид дар умури хукуки башар ва Созмони амният ва хамкори дар Урупо аз давлати Точикистон такозо кардаанд, то парвандахои чинойии афродеро, ки тахти фишору шиканча водор ба пазируфтани чиноёт шудаанд, дубора барраси кунад. Дастраси надоштани созмонхои хукуки башар ба зиндонхо Паём Фуруги, мушовири бахши хукуки башари Созмони амният ва хамкори дар Урупо аз давлати Точикистон интикод кард, ки ба далоили мухталиф аз дидори кормандони Созмони салиби сурхи чахони аз зиндонхои ин кишвар чилавгири мекунад. Ба гуфтаи окои Фуруги танхо дар соли 2004 Эмомали Рахмон, раиси чумхурии Точикистон мувофикат карда буд то Созмони салиби сурхи чахони бо вазъи зиндонхои ин кишвар ошно шавад. Гуфта мешавад, дар холе ки сару садохо аз мавориди шиканча ва озору азияти зиндониён дар Точикистон зиёд аст, вале хеч созмони байналмилалии дифоъ аз хукуки башар имкони баррасии ин вазъ дар Точикистонро надоштааст. Паём Фуруги таъкид кард, ки хатто Узбакистон, ки аз суи созмонхои байналмилали, нокизи хукуки башар махсуб меёбад, ба Созмони салиби сурхи чахони ичозаи дидор аз зиндонхояшро додааст, вале дар Точикистон ин созмон дар ичрои чунин амр то хол муваффак нашудааст. Аммо Зариф Ализода, мушовири раиси чумхурии Точикистон дар сиёсати хукуки ба навбаи худ гуфт, ки ахиран порлумони ин кишвар
конуни «Ваколатдори хукуки башар дар Точикистон»-ро тасвиб кардааст ва хамакнун ваколатдори хукуки башар метавонад бидуни
хеч мушкил ё монеъ аз зиндонхо ва боздоштгоххои муваккат дар Точикистон дидан карда ва бо вазъи зиндониён ва афроди мазнун
ошно шавад. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||