Таҷлил аз иди Фитр дар Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 31 Август соли 2011 - 12:33
  • Масҷиди Душанбе
    Масҷиди Имом Тирмизӣ бузургтарин масҷид дар пойтахти Тоҷикистон аст
  • Намозгузорон дар масҷид
    Мамонеъати пулис аз вуруди навҷавонон ба масҷид: давлат имсол қонунеро тасвиб кард, ки вуруди афроди зери 18-сола ба масҷидро манъ мекунад
  • Намозгузорон дар масҷид
    Тоҷикистон кишваре секулор бо ҷамъияти касири мусалмон аст
  • Сокинони шаҳр
    Гароиш ба ислом дар Тоҷикистон, бавижа дар миёни ҷавонон, дар солҳои ахир беш аз пеш ба мушоҳида мерасад
  • Гадоён дар хиёбон
    Талбандаҳо: Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад
  • Намозгузорон дар масҷид
    Намозгузорон ба суханронии шаҳрдори Душанбе гӯш медиҳанд. Мунтақидон мегӯянд мақомоти тоҷик сиёсате дугона дар баробари ислом пеша кардаанд: аз як сӯ таблиғ мекунанд, аз як сӯ эъмоли маҳдудият
  • Гадоён дар хиёбон
    Дар баробари фақри густарда шумори мошинҳои гаронқимат дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст
  • Идгардаки кӯдакон дар Душанбе
    Идгардак: Таҷлил аз иди Фитр дар Душанбе аз даркӯбӣ ва шодбоши кӯдакон оғоз мешавад
  • Идгардаки кӯдакон дар Душанбе
    "Инҷо идона гирифтем, ҳоло куҷо равем..."
  • Тобули шодбошӣ
    Иди Фитр дар Тоҷикистон расман таътил аст. Бист сол пас аз фурӯпошии Шӯравӣ шиъорҳои кумунистӣ ҷойи худро ба ин гуна шиъорҳо додаанд
  • Пулис дар хиёбон
    Ҳузури густардаи маъмурони пулис дар рӯзи ид: Давлати Тоҷикистон аз ифротгароӣ ва терурисм башиддат нигарон аст
  • Кӯдакони Душанбе
    “Идгардак” фурсате муносиб барои тафреҳи кӯдакон аст, фардо соли нави таҳсил фаро мерасад
  • Кӯдакони Душанбе
    Қонуни масъулияти волидон, ки ахиран тасвиб шуд, масъулияти бештаре барои тарбияти фарзанд бар дӯши падару модар гузошта
  • Кӯдакони Душанбе
    Кӯдакон "Ид муборак" мегӯянд ва аз бузургсолон ширинӣ мегиранд
  • Кӯдакони Душанбе
    Мақомоти тоҷик пӯшиши ҳиҷоби исломиро дар мактабу донишгоҳҳо мамнӯъ карда ва пӯшиши либосҳои миллӣ, назири атласро, таблиғ мекунанд

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.