"Садои Шарқ" - нахустин нашрияи миллии адабӣ дар Тоҷикистон

  • 10 Март, 2012
"Садои Шарқ" Image copyright BBC World Service
Image caption Маҷаллаи "Садои Шарқ" дар соли сеюми таъсиси ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон, дар моҳи августи 1927 бо номи "Дониш ва биниш" дар Душанбе нашр гардид

Моҳномаи "Садои Шарқ" яке аз бособиқатарин нашрияҳои форсизабон дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 85 сол боз ба хатти сириллик чоп мешавад

Дар саҳифаи аввали ҳар шумора аз ин маҷалла, ки ба хатти сирилик дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мунташир мешавад, ин иборат ба чашм мехурад: "Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон."

Маҷалла аз моҳи майи соли 1964 ба баъд бо номи "Садои Шарқ" нашр мешавад. Номҳои қаблии он "Раҳбари дониш" (1927-1932), "Барои адабиёти сотсиалистӣ" (1932-1937) ва "Шарқи сурх" (1937) будааст.

Ин маҷалла то кунун ду бор мутаваққиф ҳам шудааст. Бори аввал аз моҳи апрели соли 1938 то июни соли 1940 ва бори дувум дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум (1941-1945).

Аз нимаи соли 1946 интишори муназзами он бо ҳамон номи "Шарқи сурх" дубора оғоз шуд, ки дар соли 1964 ба "Садои Шарқ", унвони кунунии он, тағйири ном кард.

Нахустин нашрияи адабӣ

Дар соли сеюми таъсиси ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон чанд нафар аз кормандони Комиссариати (вазорати) маъорифи ин ҷумҳурӣ ба нашри маҷаллае илмӣ, таълимӣ, иҷтимоъӣ ва адабӣ иқдом карданд ва шумораи аввали он моҳи августи 1927 бо номи "Дониш ва биниш" дар Самарқанд нашр гардид.

Аввалин сардабири он Муҳаммад Мӯсавӣ буд. Минбаъд ин маҷалла дар Тошканд ва Душанбе зери назари Собит Манофзода ба чоп мерасид.

Донишманди фақид Раҳим Ҳошим менависад: "Дар Самарқанд мутасаддии тайёр кардани маҷалла Нарзулло Бектош буд, ки мудири шӯъбаи илмии комиссариати маъориф буда, барои кораш дар маҷалла музд намегирифт. Маҷалла кормандони адабии доимӣ надошт, кори онро ходимони нашриёт ба ҷо меоварданд, фонди муъайяни ҳаққи қалам ҳам надошт."

Аз баҳори соли 1928 Раҳим Ҳошим котиби масъули маҷалла буданд ва роҳбари маънавии онро устод Садриддин Айнӣ бар ӯҳда доштааст. Маҷалла ҳарчанд тамоюли омӯзишию парваришӣ дошт, вале дар нашри осори адабӣ ва ташаккули адабиёти навин дар Тоҷикистон нақши муҳимме доштааст.

Нахустин навиштаҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар ҳамин маҷалла мунташир шудаанд. Маҷаллаи "Раҳбари дониш" бо нашри аввалин осори қаламкашони ҷавон, аз ҷумла осори Пайрав, Деҳотӣ, Азизӣ, Зеҳнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар тарбият ва роҳнамоии суханварон саҳим будааст.

Маҷалла бо нашри як силсила мақолаҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мунзим, Раҳим Ҳошим ва дигарон дар роҳи покизагӣ ва рушди забони форсии тоҷикӣ хидмати арзишманде кардааст.

Дар маҷалла доир ба масоили назария ва таърихи адабиёт матолиби арзишманде нашр шуда, ҳамчунин намунаҳои осори гузаштагон ва адабиёти ҷаҳон ба таври муттасил ба чоп расидаанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Маҷаллаи "Раҳбари дониш" бо нашри аввалин осори қаламкашони дар он замон ҷавон, аз ҷумла Сотим Улуғзода, дар тарбият ва роҳнамоии суханварон саҳим будааст

Аз соли 1932 баъд аз таъсиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон маҷалла бо номи "Барои адабиёти сотсиалистӣ" нашр гардида, дар роҳи рушди адабиёти навини тоҷик ва таблиғи мероси гузаштагон хидмати арзишманде кардааст.

Пайдоиш ва ташаккули анвоъи нави адабӣ ва адабшиносӣ ва тарҷумаи бадеъӣ дар Тоҷикистон ба ҳамин маҷалла бастагӣ дорад. Ҳамчунин, маҷалла ба нашри матолибе доир ба масоили забон ва гузор аз алифбои арабӣ ба лотинӣ мусоъидат намудааст.

Маҷаллаи "Садои Шарқ" дар қиёс бо пешгузаштагони худ - "Раҳбари дониш" ва "Барои адабиёти сотсиалистӣ" аз назари муҳтаво, сифат ва адади нашр мазияти бештаре дорад.

"Раҳбари дониш" дар тӯли панҷ соли мавҷудияти худ сиёсати ҳизби кумунисти шӯравиро дар арсаи адабиёт дунболагирӣ кардааст. Шиъори асосии маҷалла "Барои адабиёти пролетарӣ!" будааст.

Маҷалла бо таъкид ба ин шиъор зоҳиран талош дошт ҳадафи аслии фарҳангии ҳизб - эъмори "адабиёти нав"-ро ба иҷро дароварад. Аз мақолаҳои нашршуда дар ин боб метавон ба ин натиҷа расид, ки дигар ҳизб дар ин давра ба ҳеҷ гуна гурӯҳҳои фарҳангӣ эътимод надошта ва танҳо бунёди "адабиёти нави плоретарӣ"-ро дар такия ба "адибони коргару деҳқон" имконпазир медонистааст.

Дигар адабиёт ҳамчун осори ҳунар дар тафсири мақолаҳои дар маҷалла ба чоп расида арзиши зебошинохтияшро аз даст додааст. Нақди адабии ин солҳо маҳз ҳамин раъйи истротежики "ҳизб ва давлати Шӯравиро пазируфта ва ба гуфтаи мунтақидон, ҳамчун "дастёри гапдаро" барои адабиёти тоҷик "хидмати хирсонае" кардааст.

Нақли қавли поён аз мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода "Мубориза дар ҷабҳаи адабиёт" аст, ки дар шумораи шаши маҷаллаи "Раҳбари дониш" дар соли 1930 унташир шуда ва моҳияти ҳадафи маҷалла ва нақдии адабии он давраро бозгӯ мекунад:

"Аз давраи адабиёти буржуазӣ (муаллиф адабиёти гузаштаро дар назар дорад) ба мо як мероси адабии аз ҷиҳати санъат пухта коркарда тайёр намудагӣ боқӣ мондааст. Бинобар ин, намояндагоне, ки аз онҳо (аз табақаи буржуй) ба сӯйи мо гузаштаанд, ба шарафи зоёнидани адабиёти пролетарии тоҷик сазовор нестанд, зеро ки онҳо инқилобро ба дараҷаи мукаммал фаҳмида натавонистанд."

"Мавҷҳои инқилоб дар рагу пайу хуни онҳо ҳоло ҳам ҳазм нашудааст. Бинобар ин, аз тарафи онҳо зоида шудани адабиёти навро умед кардан хато мебошад."

Image copyright BBC World Service
Image caption "Садои Шарқ" дар замони Шӯравӣ бештар таҳти таъсири идеулужии кумунистӣ буд ва барои чопи матолиби интиқодӣ ду бор мутаваққиф шудааст

Бунёд кардани адабиёти нави тоҷик ба ҷавонони меҳнаткаши тоҷик махсус мебошад, ки онҳо дар мактабҳои шӯроӣ машғули тарбиятгирӣ мебошанд. Дар замони наздик бо асарҳои дурахшони худ ба майдон ҷилва кардани онон табиъӣ аст. Адабиёти нав зоида шуда истодааст. Вай соҳибони худро аз миёни фарзандони деҳқон, коргарон омода карда истодааст."

Дар даҳаи 20 садаи гузашта "сиёсати миллӣ"-и шӯравӣ бо таъйини марзҳои маснуъӣ қисмате аз миллати тоҷикро "ҳал" (таҳлил) мекард. Дар ин даврони "каҷдорумарез" маҷаллаи "Раҳбари дониш" ба сарнавиштии тоҷикон чандон бепарво набудааст.

Маҷалла оид ба ин масъала аввал мақолаи Абдуқодир Муҳйиддинов "Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек"-ро дар шумораҳои 8 ва 9, ва баъд мақолаи Аббос Алиев "Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он"-ро дар шумораҳои 11 ва 12-и худ дар соли 1928 мунташир сохт.

Дар мақолаи Аббос Алиев омадааст: "Рафиқ Муҳйиддинов хеле дуруст нишон медиҳад, ки дар давраи амирони манғитӣ забони давлатии амир порсӣ будааст. Инро ҳамаи мо медонем. Лекин масъалаи муҳим дар ин ҷост, ки барои чӣ ҳукумати мирӣ, ки аксарият аз қабилаи турк буданд, забони модарии худашонро забони ҳукуматӣ қарор надода, забони порсиро таъйин кардаанд?"

"Маълум аст, ки ҳукумати амирӣ тарафдори миллати мазлум набуда ва намехост, ки ҳар як миллат баробар бошад. Лекин амирони манғит медонистанд, ки онҳо барои мамлакати Бухоро бегонаанд."

"Ҳукумати амирӣ бахубӣ медонист, ки аксарияти халқи мамлакат, алалхусус халқи Бухоро, тоҷиконанд. Амирони манғит медонистанд, ки дар ин сарзамин порсҳо барои истиқлоли забон ва адабиёти худашон солҳои дарозе бо туркҳо, арабҳо ҷангида, хун рехтаанд. Барои ин ки ҳукумати амирро халқи маҳаллӣ бегона нашуморад ва ҳуҷум карда онро маҳв накунад, амирон бо забони халқи маҳаллӣ - забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва барои ин ки халқро беҳтар ба худ бибанданд, забони тоҷикиро забони давлатӣ қарор дода буданд."

"Ин сабаби муҳиммро амирони Бухоро фаҳмида буданд, вагарна на онҳо ошиқи чашмони сиёҳи тоҷикӣ ва на душмани забони модарии худашон буданд."

Масъалаи забон ва ҳувияти мардуми форсизабони Варорӯд дар оғози даврони Шӯравӣ аз масоили ҳассос ва баҳсбарангезе буда ва саромадони фарҳанг ва матбуъоти тоҷик ба рағми сиёсатҳои саркӯбгаронаи давлати Шӯравӣ талошҳои зиёде барои густариши худогоҳии тоҷикон анҷом додаанд.

Аббос Алиев дар мақолаи дигаре таҳти унвони "Сабаб чист, ки халқи Бухоро ӯзбак номида шудаанд", ки дар шумораҳои 11 ва 12-и маҷаллаи "Раҳбари дониш" чоп шуд, ба масоили миллӣ дар Осиёи Миёна рӯй оварда ва аз мақомоти вақти ҷумҳурии шӯравии Узбакистон интиқод кардааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар сафаҳоти аввал ва охири "Садои Шарқ" осори наққошон ва аккосон низ чоп мешуд

Вай менависад: "Сабаби дурусте дар хусуси ӯзбак будани халқи Бухоро табиъӣ нест, лекин ду баҳона дар Бухоро шунида мешавад. Баҳонаи аввал. Чун Бухоро дохили Ӯзбекистон аст, халқи он ӯзбак бошанд. Забон, урф ва одат ҳеҷ дахле надорад."

"Баҳонаи дувум. Баъзеҳо калимаи тоҷикро аз рӯйи назарияи динӣ мефаҳманд. Ба хаёлашон мерасад, ки тоҷик - яъне шиъа, суннӣ - яъне ӯзбак. Ба ҳамин сабаб диндорон барои ин ки шиъа нашаванд, аз баҳри тоҷикӣ ҳам гузаштаанд. Бисёр муҳим аст, ки идораҷоти ҳукуматӣ, ҳатто шӯъбаи маъориф ҳам тоҷикро шиъа шинохта ва фақат шиъаҳои Бухороро тоҷик меноманд."

"Ин баҳонаро муқобилият ва муборизаҳои баъзе миллатчиҳои ӯзбак, ки дар Бухоро буданд ва ҳастанд, пурқувват мекунанд. Баъзе аз коргарони масъули миллатчии Бухоро барои ин ки устали (курсии) ҳукумат аз дасташон наравад, ба тамоми қувва мекӯшанд, ки тамоман калимаи "тоҷик"-ро аз миён бардоранд."

Маҷаллаи "Раҳбари дониш" дар атрофи масъалаи забони тоҷикӣ ва гузор алифбои лотинӣ дар соли 1929 низ матолиби зиёдеро ба нашр расонд, ки ин кӯшишҳоро дар ин замина окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ "давраи инкори ҳастии таърих" унвон кардааст.

Ҷараёни забонсозӣ, тағйири алифбо (он ҳам ду бор) заминаи устуворе барои содагароиву соданависӣ фароҳам овард, ки оқибат боъиси саросар одигароиву одинависӣ ва меъёрҷӯйиҳо боъиси фаромӯшии муҳиммтарин суннатҳои урфию расмӣ ва иқтибосгароию иқтибосгирӣ аз забонҳои бегона омили барҳам задани табиъати аслии овозӣ, имлоӣ, савтӣ ва қолабҳои калимасозиву ҷумлабандиҳо гардид.

Матолибе, ки дар ин боб маҷалла чоп кардааст, ки мавзеъгирии ду гурӯҳро дар таъйини мақоми "забони адабии тоҷик" аз як сӯ, ва посдорони "забони ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ", аз сӯйи дигар, ба намоиш мегузорад.

Аз ҷумла Диёров Сирус (Баҳром Сирус) аз ҷонибдорони забони Рудакӣ буда ва навиштаааст: "Забони Рӯдакӣ" пас аз Инқилоби Уктобир зоҳир шуда, ба майдон наомадааст ва ё дар натиҷаи будани чанд нафар рафиқони эронӣ дар Тоҷикгиз (яъне Нашриёти давлатии Тоҷикистон) ва ё дар матбуъот ба вуҷуд наёмадааст ва чӣ қадар ки ба мо маълум аст, Рӯдакӣ (ки ҳазор сол пеш аз ин мурда рафтааст), дар Тоҷикгиз ва ё дар матбуъот бо эрониҳои аз тарафи Сухарево гуфта шудагӣ дар як ҷо кор намекарданд..."

Image copyright BBC World Service
Image caption Аксе аз Боқӣ Раҳимзода, шоъири маъруф, дар сафҳаи нахусти яке аз шумораҳои маҷаллаи "Садои Шарқ"

Баҳром Сирус, ки аз рӯшанфикрони саршиноси тоҷик дар он замон буд, ин суханонро дар мақолае дар маҷаллаи "Раҳбари дониш" дар соли 1930, як солп ас аз гузор ба хатти лотин навиштааст.

Вай меафзояд: "Чунин маълум мешавад, ки Сухарево ҳам монанди баъзе миллатчиёни тоҷик касалии "эронтарсӣ" дорад ва чанд нафар муҳоҷирини эрониро барои маданияти тоҷикҳо як омили муҳим ва хатарноке мешуморад. Чаро нашуморад? Зеро мувофиқи гуфтаҳои ӯ: "Муҳоҷирини эронӣ як бор забони маҳаллиро хӯрда буданд! Ҳозир, боз ҳам ҳамон кори худро такрор карда истодаанд. Як масале ҳаст, ки мегӯяд: "Чашмони одами тасончак калон мебошад."

Аммо Пруфессур Шилд аз тарроҳони сохтани "забони махсуси адабии тоҷик" талош кардааст собит созад, ки забони мардуми Осиёи Миёна бо забони ҳазорсолаи порсӣ ё забони роиҷ дар Эрону Афғонистон тафовут дорад. Ин талошҳо нишон медиҳад, ки то чи андоза зимомдорони Шӯравӣ ба эҷоди як ҳувияти ҷудогона барои тоҷикон алоқаманд будаанд.

Пруфессур Шилт менависад: "Дар миёни зиёиёни тоҷик мубоҳисае давом дорад. Онҳо мегӯянд, ки чӣ тавр бояд навишт? Дар забони тоҷикӣ ва ё дар забони адабии форсӣ? Чунон менамояд, ки аксар зиёиён ҳозиранд ин масъаларо дар шакли сохтани забони махсуси адабии тоҷик ҳал намоянд. Инҳо ду лаҳҷаи гуногуни як забони муттаҳид бошанд ҳам, тарафдорони фикри охирӣ ба фикри ман ҳақ доранд."

Вай дар ин мақола, ки дар маҷаллаи "Раҳбари дониш" дар соли 1928 чоп шуда, меафзояд: "Миллатҳое, ки бо забони кӯҳистонӣ гап мезананд, ҳақ доранд талаб кунанд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ дорад ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забониро доро мебошанд."

Гирифторӣ ва раҳоӣ

Дар тӯли солҳо дар ин маҷалла ашхоси мутаъаддиде сардабир буданд. Вале дар ин миён, Убайд Раҷаб, шоъири саршинос, солҳои тӯлонитаре ба унвони сардабир хидмат карда ва дар пешрафти табъу нашри маҷалла саҳми боризе гузоштааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон тирожи маҷалла башиддат коҳиш ёфт ва гоҳо дар ду-се моҳ як бор мунташир мешуд

Вай аз соли 1966 то 1979 сардабир буд. Дар ин сол дар пайи чопи румони "Гузашти айём" аз нависандаи фақид Ҷумъа Одина дар панҷ шумораи "Садои Шарқ" (шумораҳои 8-12-и соли 1976) Убайд Раҷаб аз ин симат барканор ва Лоиқ Шералӣ, шоъири маъруфи дигар, ба ҷои вай мансуб шуд, ки то поёни солҳои навади қарни гузашта сардабири маҷалла буд.

Румони "Гузашти айём" баробари мунташир шудан бо истиқболи гарми хонандагон ва мунтақидони адабӣ рӯбарӯ шуд. Мунтақидоне чун Соҳиб Табаров, Абдухолиқ Набиев, Худойназар Асоев, Атахон Сайфуллоев ва дигарон суханони ситоишомезе дар бораи ин румон чоп карданд.

Вале бо гузашти фурсате кӯтоҳ марҳилаи сиёҳсозии муаллиф ва ошкор сохтани "нуқсонҳои ғоявӣ" дар румон шурӯъ шуд. Ҳатто Атахон Сайфуллоев, ки дар тақризи аввалаш аз ин румон хуш истиқбол карда буд, дар тақризи сонӣ онро сиёҳ кард.

Соҳиб Табаров дар соли 1988, яъне дар замони бозсозии горбачёвӣ, ки фазои матбуъот ва фарҳанг нисбатан озод шуда буд, дар бораи ин румон дар мақолае дар нашрияи "Адабиёт ва санъат" чунин шаҳодат додааст: "Роҳбарони идеологие ёфт шуданд ва ба камина фармон доданд, ки ба асарҳои ин адиб (Ҷумъа Одина) ва махсусан ба романи номбурда тақризи манфӣ нависам."

Он вақт қисмати нависанда ва асари ӯ дар дасти мақомоти болоӣ ё роҳбарони идеулужик буд. Айнан чунин амалкарде нисбат ба румони " Нанг ва номус"-и Муҳиддин Хоҷаев, повест ё достони "Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз" ва румони "Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим" аз Урун Кӯҳзод, нависандаи маъруф, низ сурат гирифт.

Вале дар мавриди румони "Гузашти айём" ҳодисаи фавқулъодае рух дод. Ин асар аввал бо тасмими бюрои (девони) Кумитаи марказӣ ва баъд бо тасмими Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ҳамчун як асари "зиддисёсӣ, зараровар ва бадномкунандаи воқеъияти сотсиалистӣ" маҳкум шуд.

Дар ин санад таъкид шуда буд: "Ин китоби зиёновар ва бадномкунандаи воқеъияти замони мо ба ин шакл набояд ба чоп расад." Ин санад меафзояд: "Ҳайъати раисаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бояд амалкарди Убайд Раҷаб, сардабири "Садои Шарқ"-ро, ки румони зиддисиёсӣ ва зиёновари Ҷумъа Одинаев, "Гузашти айём"-ро чоп кардааст, усулан мавриди барарсӣ қарор бидиҳад."

Баъд аз ин фатво Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ бо пахш баёния ва гузорише дар анҷумани ҳафтуми нависандагон ин румонро маҳкум кард. Таъсири ин ҳодиса ба тафаккур ва иродати масъулин то ҷое буд, ки баъдтар маҷаллаи "Садои Шарқ" шеърҳои Бозор Собир "Бухоро", "Аҳмади дониш", "Забони модарӣ"-ро низ чоп накард.

Ин шеърҳои шоъирро Бӯринисо Бердиева, сардабири рӯзномаи "Маъориф ва маданият" чоп кард ва ба истилоҳи мардуми маҳаллӣ, хеле "гап ҳам шунид." Аз ҷумла, чаҳор мисраъи зерини шеъри "Аҳмади дониш" барои мақомоти боло "аполотичний" (зиддисиёсӣ) буд ва ғаммазон маънии шеърро тақризи шоъир ба Ленин таъбир карда буданд:

Image copyright BBC World Service
Image caption "Он чи аз маҷалла боқист, порае аз фарҳанги тоҷикон аст, ки дар ҷилдҳои он барои имрӯзиёну ояндагон ҳифз мешавад"

Медид ҳайкале, ки набудаш қиёс ҳеҷ,

Медид ҳайкале, ки набудаш шинос ҳеҷ,

Чарминапӯш, кепии чарминааш баланд,

Бо ҳайъате, набуд ба бухороӣ хос ҳеҷ.

Аз далоили тарди румони "Гузашти айём" аз тарафи мақомоти вақт ва тавқифи китоби он дар моҳи феврали соли 1979 метавонист бозтоби қиёми босмачиён (қиёми мусаллаҳона бар зидди русҳо дар солҳои нахусти барқарории ҳукумати Шӯравӣ), бармало сохтани кӯтоҳиҳои артиши Шӯравӣ дар оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва низ нишон додани пуштиҳамандозиҳо ва ҳақкушиҳои бархе аз сарон ва масъулони ҳизбӣ ва минтақаӣ буда бошад.

Ҳарчанд Убайд Раҷаб, шоъири саршинос, дар даврони сардабирияш сифати маҷалларо боло бурда ва адади нашри онро ба даҳҳо ҳазор расонда буд, вале хидматҳои арзишмандаш ӯро аз як тавтеаи сиёсӣ раҳоӣ набахшид.

Дар солҳои сардабирии Лоиқ Шеръалӣ низ маҷалла ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст ёфт. Бахусус, муҳтавои он, сифати осори мундариҷ дар он рӯ ба беҳӣ ниҳод. Нашри матолибе, ки ба арзишҳои таърихӣ ва адабию фарҳангии миллӣ ихтисос доштанд, бештар гардид.

Дар бахшҳои назм, наср, гузоришҳои иҷтимоъӣ ва сиёсӣ, аз осори ҷавонон, мероси адабӣ, тарҷумаҳои нав, нақди адабӣ, тақриз ва китобиёт осори пурарзиши адабиёти тоҷик, ҳамзабонон ва ҷаҳон арзёбӣ ва мунташир мешуд.

Бо шурӯъи бозсозии горбачёвӣ ва эҷоди фазои нисбатан бози сиёсӣ то ҷое сонсури матолиби нашрия аз байн рафт. Дар ин замина, аз ҷумла ин имкон фароҳам омад, ки масоили муҳимми забон ва адабиёти миллӣ ба баҳс кашида шавад.

Бори нахуст масъалаҳои дардноки таърихи тоҷикон, аз ҷумла таҳоҷуми русҳо ба Иморати Бухоро ва бумборони ин шаҳри қадимӣ, шарҳи чигунагии қарор гирифтани шаҳрҳои куҳани Самарқанд ва Бухоро дар маҳдудаи ҷумҳурии Узбакистон ва ҷараёни тақсимоти ҳудуди миллӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва "ҷабри сиёсӣ бар тоҷикон" ҳамчун "қавме аз миллати бузурги форс" (сухани Айнӣ) ба баҳс кашида шуд ва матолиби зиёде дар ин боб мунташир гардид.

Image copyright BBC World Service
Image caption Бо шурӯъи бозсозии горбачёвӣ ва эҷоди фазои нисбатан бози сиёсӣ то ҷое сонсури матолиби нашрия аз байн рафт

Шароите фароҳам омад, ки ба василаи нашри осори бадеъӣ ва илмӣ роҳи ботинан ба ҳам пайвастани дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ва сунани миллӣ ва фарҳангии худ ва ҳамзабонон эъмор ва осори шоъирон ва нависандагони Эрону Афғонистон бе мамонеъат мунташир гардад.

Масъалаи навназарӣ ба таърих ва назарияи адабиёт дар матолибе, ки нашр мешуд, авлавият дошт. Дар боби интиқод аз дунболаравии мунфаъилонаи адибон ва ҳунари тоҷик аз милали дигар, бахусус русҳо, фарҷоми худшиносии таърихӣ ва фарҳангӣ, мақолоти мутаъаддиде ба чоп расид.

Бори нахуст ба таври густарда масоили тағйири алифбо ва мушкилоти гуногуне, ки аз раҳгузори фитнаи алифбо гиребонгири ҷомеъаи тоҷикон будааст, низ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Аз замони сардабирии Убайд Раҷаб то оӯози ҷанги дохилӣ адади нашри маҷалла ба 28213 боло рафт, аммо дар замони нооромиҳо то ба 300 пойин омад. Солҳои баъд низ адади нашр аз 2000 бештар набудааст. Маҷалла гоҳо дар як сол ду бор нашр шудааст, ки ин ҳодиса ба нуфузи қаблии он миёни хонандагон латма задааст.

Суоли вақт

Вақт ҳамзамон дасти таҳрирашро ба сарнавишти бисёре аз матолибе, ки тӯли солҳо дар маҷалла мунташир шудааст, ворид кардааст.

Агар шумораҳои дар замони истиқлоли кишвар нашршударо истисно кунем, дигар ин маҷалла, пеш аз ҳама, фарзанди ҷомеъаи табақотии Шӯравӣ буд, ки Тоҷикистон - "писари ҳафтумини сотсиализм" (сухани Лоҳутӣ) аз тобеъияти идеулужии он наметавонист озод бошад.

Бо фурӯпошии Шуравӣ ва касби истиқлоли Тоҷикистон бисёре аз масъалаҳои сиёсии дар маҷалла дарҷшуда аҳаммияташро гум кардааст. Дигар масъалаи "Раҳбарии партия оид ба адабиёт ва санъат" , ки бахши умдаи матолиби маҷалларо аз соли нашр то охири солҳои навад дар бар мегирифт, арзиш надорад.

Ҳамчунин, осоре, ки шоъирону нависандагони тоҷик дар васфи пешвоёни ҳизбӣ эҷод мекарданд, дигар ба дарди хонанда намехӯрад. Вале он чи нашр шудаву мафқуд аст ва он чи қобили зиндагист, порае аз фарҳанги тоҷикон аст, ки дар ҷилдҳои ин маҷалла барои имрӯзиёну ояндагон ҳифз мешавад, барои бардошти ҳар кас ба қадри ҳимматаш.

Матолиби муртабит