Кумаки фанниву-низомии Қазоқистон ба артиши Тоҷикистон

  • 31 Октябр, 2013
Артиши Тоҷикистон
Image caption “Тамоми амволи низомие ки ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт, аз даврони Шӯравӣ ба Қазоқистон мерос монда ва замони истифодаи ин васоили фании низомӣ мегузарад.”

Хабаргузориҳои Қазоқистон хабар медиҳанд, ки порлумони ок кишвар созишномаи Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи ироаи кумакҳои низомии билоиваз ба Тоҷикистонро тасвиб кардааст.

Тавре, ки “Tengrinews.kz”, рӯзи панҷшанбеи 31 октябр навиштааст, Қазоқистон дар гузашта низ кумакҳои низомиро барои артиши Тоҷикистон ироа карда.

Ин хабаргузорӣ аз қавли Окас Сапаров, муъовнини нахуствазири Қазоқистон гуфтааст, ки “тамоми амволи низомие ки ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт, аз даврони Шӯравӣ ба Қазоқистон мерос монда ва замони истифодаи ин васоили фании низомӣ мегузарад.”

Оқои Сапаров ба ин хабаргузорӣ гуфтааст: “Мо миқдори зиёде аз чунин васоилро дар ихтиёр дорем ва аз ин рӯ бахше аз онҳоро медиҳем. Онҳо (Тоҷикистон) феҳристи васоили барои худ заруриро ба мо мефирситанд ва мо дар навбати худ он чизҳоеро, ки зиёд дорем ва ё лозим надорем, ба онҳо мефиристем.”

Оқои Сапаров дар идомаи гуфтааст, ки вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда буда ва рухдодҳое дар қаламрави Афғонистон метавонад, ба вазъи сиёсии Тоҷикистон таъсиргузор бошад.

Аз ҷумла вай афзудааст: “Муқовиматҳои мусалаҳҳон дар қаламрави Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст ва қочоқим маводди мухаддир ҳамчунин яке аз масоили доғ дар ин минтақа боқӣ мемонад.”

Муъовинин нахусвазири Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш дар тарбияи кодрҳои ҳирфаии низомӣ барои Тоҷикистон кумак мекардааст ва ба гуфтаи ӯ дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои низомии Қазоқистон беш аз 70 ҷавони тоҷик машғули омӯзиши низомӣ будаанд.

Оқои Сапаров афзудааст, ки ироаи ин кумакҳо ба Тоҷикистон бар асоси созишномаи ин ду кишвар, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба даст омадааст, сурат мегирад.

Ҳарчанд замони интиқоли ин кумакҳоро Қазоқистон мушаххас накардааст, вале ба гуфтаи низомиёни он кишвар интиқоли ин кумакҳо ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ анҷом мегирад.

Бар асоси созишномаи ҳар ду кишвар дар мавриди ин кумакҳо Тоҷикистон ҳаққ надоштааст, ки онҳоро ба ҷониби сеюм интиқол диҳад.

Ин нахустин бор нест, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон кумкҳои фанниву низомӣ ироа медиҳад. Дар соли 2009 Президент Раҳмон дар як мулоқоти худ бо Нурсултон Назарбоев, раиси умҳурии Қазоқистон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар дархости кӯмаки низомӣ карда буд.

Талошҳо барои дарёфти шарҳи ин мавзӯъ ва посух ба ин суол, ки васоили фании низомие, ки ду ва ё се даҳҳа қабл дар даврони Шӯравӣ сохта шудааст, дар кадоме аз бахшҳои артиши миллӣ истифода хоҳад шуд, аз масъулони Вазорати дифоъи Тоҷикистон бенатиҷа монд.

Соҳибназароно мегӯянд, чун Тоҷикистон аз артиши шӯравӣ чизе ба мерос нагирифтааст, ин васоили фаннӣ метавонад то андозае ниёзмандиҳои бахше аз артиши миллӣ ба фановариро таъмин кунад.

Матолиби муртабит