Назарбоев хостори лағви пасванди "истон" аз номи кишвараш шуд

  • 7 Феврал, 2014

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии модомулъумри Қазоқистон, хостори лағви пасванди "истон" аз номи ин кишвар шудааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории "Казинформ", оқои Назарбоев зимни дидори корӣ аз шаҳри Отирави ин кишвар гуфтааст баъид нест, ки дар оянда Қазоқистон ба Қазақ елӣ (Кишвари қазоқ) табдили ном кунад.

Оқои Назарбоев гуфтааст: "Бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ пасванди "истон" доранд, аммо хориҷиҳо бештар ба Монголия (Муғулистон) таваҷҷуҳ доранд, ҳарчанд ин кишвар ҳамагӣ ду милюн ҷамъият дорад. Шояд мо ҳам номи кишвари худро "Қазақ елӣ" кунем, вале қабл аз ин иқдом бояд бо мардум машварат кунем."

Таҳлилгарон мегӯянд, манзури оқои Назарбоев ин аст, ки кишварҳои дорои пасванди "истон" чандон тасвири мусбате дар ҷаҳон надоранд ва ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин кишварҳо душвор аст.

Ин амр дар вазъияти турисм дар Қазоқистон ҳам беасар набуда ва бо тағйири номаш ин кишвар мехоҳад бо кишварҳои дорои пасванди "истон", ки як пасванди макон дар забони порсӣ аст, фосила бигирад. Ин пасванд дар номи бисёре аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ дида мешавад.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин таъкид карда, ки дар пайи ҳифзи ваҳдат ва таҳаммул ин кишвар ба пешрафтҳое даст ёфта ва гуногунии қавмӣ аз имтиёзоти Қазоқистон маҳсуб мешавад.