Қазоқистон Русия ва Укройнро ба хештандорӣ даъват кардааст

  • 4 Март, 2014

Вазорати хориҷаи Қазоқистон даъват кардааст, то дар ҳалли қазияи Укройн аз истифодаи нерӯ худдорӣ шавад.

Ҷонбулот Усенов, намояндаи расмии ин вазорат, дар нишасте дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон гуфтааст: “Ҷонибҳо дар ҳалли муноқишот бояд аз роҳҳои музокирот истифода карда ва ин қазияро дар чорчӯби усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳалл кунанд.”

Остона Русия ва Укройнро “ба арзёбии мунсифонаи вазъият ва худдорӣ аз аъмоли таҳрикомез” фаро хондааст.

Зимнан, Молдово низ зимни интишори як баёния аз истиқлолият ва якпорчагии Укройн пуштибонӣ карда ва аз Русия хостааст, то ба усулҳои мувофиқатномаи Будапешт дар соли 1994 эҳтиром гузорад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта дар шаҳри Кишинёви Молдово дар эътироз ба мудохилаи низомии Русия ба қазияи Укройн тазоҳуроте баргузор шуда ва муътаризон хостори берун кашидани нерӯҳои Русия аз минтақаи Қрими Укройн шудаанд.