Ҳамоиши туҷҷори Қазоқистон ва Тоҷикистон дар Душанбе

  • 3 Июл, 2014
Анҷумани касбии Қазоқистон ва Тоҷикистон Image copyright BBC World Service
Image caption Ин севумин ҳамоиши туҷҷори Қазоқистон ва Тоҷикистон аст, ки дар он маҳсулоти ширкатҳои тавлидкунанда муъаррифӣ мешавад

Намояндагони 20 ширкати тавлидкунандаи маҳсулоти мухталиф аз Қазоқистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши туҷҷори Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат кардаанд.

То оғози ин ҳамоиш ҳудуди 90 ширкат аз Тоҷикистон барои баррасии мавзӯъи ҳамкориҳо бо намояндагони ширкатҳои қазоқӣ ва имкони имзои қарордодҳо равобит бо онҳо дар макони ҳамоиш сабти ном шудаанд.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи панҷшанбеи 3 июл доир шуд, ба нақши созандаи Қазоқистон, яке аз кишварҳои умдаи мантақа, дар тавсеъаи иқтисодии Тоҷикистон таъкид шуд.

Ҳамчунин намояндагони Қазоқистон дар ин ҳамоиш гуфтанд, ки тасмим доранд дар ояндаи наздик табодули коло миёни ин ду кишварро ба як милёрд дулори омрикоӣ расонанд.

Одил Сангов, муъовини раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, дар ин нишаст пешниҳод кард, ки барои ошноии бештари тоҷирони тоҷик бо маҳсулоти тавлиди Қазоқистон дар соли 2015 як намоишгоҳи ихтисосии санъатии Қазоқистон дар Тоҷикистон доир шавад.

Вай афзуд: "Дар даҳсолаи ахир бо талошҳои Утоқи бозаргонӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 200 намоишгоҳи санъатии маҳсулоти дохилӣ ва ширкатҳои кишварҳои мухталиф доир шуд, аммо боре намоишгоҳи ихтисосии Қазоқистон дар ин кишвар баргузор нашуда буд.”

Бо ин вуҷуд, Қазоқистон яке аз кишварҳои умдаи Осиёи Миёна аст, ки дар заминаи табодули коло бо Тоҷикистон ҷойгоҳи дувум баъд аз Русияро ба худ ихтисос медиҳад.

Ойҷон Ойдигиев, мушовири сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки кишвараш дар миёни 50 кишвари пешрафтаи иқтисодӣ дар ҷаҳон қарор дорад.

Вай афзуд: "Дар соли 2013 табодули коло миёни ду кишвар 700 милюн дулорро ташкил медод ва раҳбарони ду кишвар дар назди мо масъулият гузоштаанд, ки дар оянда мизони табодули колоро ба беш аз як милёрд расонем."

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Риндая мегӯяд, ки маҳсулоти онҳо тоза ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад

Беш аз 90 дарсади мизони табодули коло миёни ин кишварро содирот аз Қазоқистон ташкил медиҳад. Масъулони давлатии ҳар ду кишвар ба нишасти имрӯз ва нақши он дар боло бурдани табодули коло миёни Қазоқистону Тоҷикистон дар оянда таъкид карданд.

Дар миёни 20 ширкати қазоқӣ, ки имрӯз маҳсулоти худро барои тоҷирони тоҷик муъаррифӣ карданд, ширкатҳое буданд, ки умдатан ба тавлиди дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, маводди ғизоӣ ва ғайра машғуланд.

Николай Риндая, намояндаи ширкати мавсум ба “Акбарс НК”-и қазоқӣ, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо бо яке аз ширкатҳои мавсум ба “Хуросон” аз Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ дорад.

Аммо вай афзуд: “Бо ширкат дар ин анҷумани корӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, мехоҳем шумори ширкатҳо ва афроди алоҳида барои тиҷорат бо ширкати худро афзоиш диҳем.”

Оқои Риндая мегӯяд, ки маҳсулоти онҳо, ки аз риштаи тезпаз иборат аст, ҳоло дар бисёре аз кишварҳои минтақа тақозо ба он афзоиш ёфтааст. Вай мегӯяд, ки ширкати онҳо, ки ҳамагӣ даҳ сол боз фаъъолият мекунад, тоза ба бозори Тоҷикистон роҳ боз кардааст.

Аммо Розия Атоева, кафили риёсати ширкати дорусозии мавсум ба “Долче”, мегӯяд, ки маҳсулоти онҳо се сол боз барои тоҷикистониён ошност.

Вай афзуд: “Имрӯз мо бештар мехоҳем бо пизишконе, ки аз дорувории мо истифода мекунанд, суҳбат кунем ва фаҳмем, ки ба кадоме аз маҳсулоти мо дар Тоҷикистон тақозо бештар аст.”

Намояндагони аксари ширкатҳои қазоқӣ мегӯянд монеъи аслӣ аз пешрафти тиҷорат ва ҳамкориҳои онҳо бо ширкатҳои Тоҷикистон душвории ҳамлу нақли коло ба қаламрави ин кишвар аст.

Бисёре аз онҳо мегӯянд, ки ба ҳангоми тронзити мавод аз қаламрави Узбакистон, кишвари ҳаммарзи Қазоқистону Тоҷикистон, бо душвориҳои мухталифе рӯбарӯ мешаванд.

Қазоқистон ба Тоҷикистон бештар маводди ғизоӣ, аз ҷумла орд, равғани наботӣ ва маҳсулоти беҳдоштӣ ворид мекунад ва аз Тоҷикистон ба он кишвар меваи хушк ва маҳсулоти панба содир мешавад.

Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳои минтақа аст, ки ҳудуди 100 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар ба унвони муҳоҷирони корӣ ба сар мебаранд.

Матолиби муртабит