Дидори Ҳасани Руҳонӣ аз Қазоқистон

  • 10 Сентябр, 2014
Image copyright AFP
Image caption Ин нахустин сафариоқои Рӯҳонӣ ба минтақаи Осиёи Миёна пас аз расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон аст

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон барои як дидори расмӣ ба Қазоқистон сафар кардааст.

Вай дар Остона, пойтахти Қазоқистон, дар мақарри раёсати ҷумҳурӣ бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев гуфтааст "буҳрони Ироқ, Сурия, Исроил ва Фаластинро бидуни кумаки Эрон наметавон ҳал кард."

Оқои Назарбоев изҳори умедворӣ карда, ки музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 бомуваффақият идома ёбад ва гуфта "ин амр заминаро барои густариши ҳамкориҳои мо фароҳам мекунад."

Мавзӯъи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии миёни ду кишвар ҳам аз меҳварҳои аслии гуфтугӯҳои раиси ҷумҳурии Эрон бо мақомоти Қазоқистон будааст.

Бино ба гуфтаи оқои Рӯҳонӣ ҳар ду кишвар талош мекунанд ҳаҷми муъомилоти тиҷории худро то панҷ баробар афзоиш диҳанд.

Ӯ бо ишора ба роҳи оҳани ҷадиде, ки қарор аст кишварҳои Осиёи Миёнаро бо халиҷи Форс бипайвандад, гуфта баҳрабардорӣ аз он ба Қазоқистон имкон хоҳад дод содироти худро ба минтақа ба 5 милюн тун дар сол бирасонад.

Ҳасани Рӯҳонӣ қарор аст баъд аз сафар ба Қазоқистон барои дидор ба Тоҷикистон биравад ва дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳам ширкат кунад.

Эрон узви нозири ин созмон аст.

Матолиби муртабит