Се тоҷик дар Русия барои узвият дар ҶИТ маҳкум ба зиндон шуданд

  • 15 Сентябр, 2014
Додгоҳ Image copyright BBC World Service
Image caption Додгоҳи Хабаровск се тоҷикро дар таъсиси гурӯҳи теруристӣ муҷрим донистааст

Додгоҳи Хабаровски Русия се табаъаи Тоҷикистонро дар таъсиси гурӯҳи ифротгаро муҷрим шинохта ва онҳоро барои беш аз чаҳор сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ ин афрод, аъзои Ҷунбиши исломии Туркистон будаанд ва дар ин минтақаи Русия созмони худро таъсис дода ва ба таблиғи аҳдофи худ машғул будаанд. Таҳқиқи ин парвандаро маъмурони Хадамоти Федероли Амниятии Русия анҷом додаанд ва шояд ба ин далел аст, ки асомии афроди маҳкумшуда эълом намешавад.

Гузориш шудааст, бори нахуст аст, ки як додгоҳи Русия парвандаи афродеро баррасӣ кард, ки дар узвият дар Ҷунбиши Исломии Туркистон муттаҳам дониста шуданд. Расонаҳо аз қавли манобеъи додгоҳӣ гузориш додаанд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷараёни муҳокимаит додгоҳӣ ба ҷурми худ иқрор шудаанд.

Дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда ҳамчунин ошкор шудааст, ки дар гузашта ин афрод дар Покистон омӯзиш дида ва қасд доштаанд сафи созмони худро аз ҳисоби ҷавонон дар Русия густариш бидиҳанд.

Ҳуввияти ин афрод эълом нашудааст, аммо гуфта мешавад онҳо дар дӯконҳои таъмири чархҳои худравҳо машғули кор будаанд.

Додгоҳи Хабаровск ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба 4 солу ду моҳ ва як нафари дигарро ба мӯҳлати чор солу се моҳ зиндон маҳкум кард.

Аммо ҳукми додгоҳ ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифта, зеро ҳадс зада мешавад, ки вукалои мудофеъи атбоъи Тоҷикистон метавонанд аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бубаранд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Якутски Русия низ ахиран як шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар сармоягузории фаъъолияти Ҷунбиши Толибон боздошт шудааст.

Манобеъи Идораи амнияти миллии Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтаанд, дар моҳи гузашта ин шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва сармоягузории фаъъолияти Ҷунбиши Толибон дастгир шуда ва дар қиболи ӯ парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Матолиби муртабит