Пирӯзии дастаи Тоҷикистон бар Сингопур

  • 15 Сентябр, 2014
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Image copyright BBC World Service
Image caption Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Синопур бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд

Дар Бозиҳои 17-уми Осиё дастаи мунтахаби улампики Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Сингопур бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шудааст.

Тӯби ягонаро Сиёвуш Асроров, ҳамлагари тоҷик, дар дақиқаҳои ахири бозӣ (дақиқаи 87) ба дарвозаи дастаи рақиб ворид кардааст.

Ин рақобат рӯзи якшанбеи 14 сентябр дар варзишгоҳи “Ансан-Ва”-и шаҳри Ансаи Куриёи Ҷанубӣ анҷом шудааст.

Дар назар аст, рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ дастаи Тоҷикистон бо дастаи Фаластин, ки дар мусобиқаи дирӯз бар дастаи Уммон бо ҳисоби 2 бар сифр пирӯз шудааст, зӯрозмоӣ кунад.

Зимнан, мусобиқоти 17-уми футболи Осиё аз рӯзи 14 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуда ва дар онҳо 29 дастаи беҳтарини ин қора дар 8 гурӯҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Уммон, Сингопур ва Фаластин вориди мусобиқот хоҳад шуд.

Дар сурати даст ёфтан ба пирӯзӣ дар гурӯҳи худ дастаи Тоҷикистон дар даври ҳаштяк финол бо дастаи пирӯз аз гурӯҳи “D” (Жопун, Кувайт, Ироқ ва Непал) зӯрозмоӣ хоҳад кард.