Александр Содиқов ба Конодо баргашт

  • 15 Сентябр, 2014
Содиқов Image copyright BBC World Service
Image caption Мақомоти амниятӣ оқои Содиқовро моҳи июл ба гумони ҷосусӣ боздошт ва пас аз як моҳ ба қайди кафолат озод карда буд.

Гурӯҳи ҳамоҳангсозии корзори мавсум ба “Алекс Содиқовро озод кунед” хабар дода, ки ба ин пажуҳишгари тоҷиктабор, ки тайи беш аз ду моҳи ахир мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт, ба сурати ғайримунтазира иҷоза додаанд, ки Тоҷикистонро тарк кунад.

Ин гурӯҳ бо нашри баёнияе дар рӯзи 12-уми сентябр аз ворид шудани оқои Содиқов ва хонаводааш ба Конодо хабар дод ва аз озод шудани ин пажуҳишгари бахши сиёсатшиносии Донишгоҳи Турунту истиқбол кард.

Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Александр Содиқовро дар моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ба ҳангоми дидораш бо Алим Шерзамонов, раҳбари муътаризони ҳаводиси охири моҳи май дар ин шаҳр боздошт карда буд.

Мақомоти амниятӣ ӯро ба гумони ҷосусӣ боздошт, вале пас аз як моҳ ба қайди кафолат озод карда буданд.

Он замон кумита баёнияе пахш карда ва иддиъо карда буд, ки оқои Содиқов бо дастури кишварҳои хориҷӣ ва бо истифода аз маболиғи онҳо дар Тоҷикистон машғули ҷамъоварии иттилоъот будааст.

Гурӯҳе аз устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Турунтуи Конодо аз замони боздошти оқои Содиқов, ки дар ин донишгоҳ ҳам дарс мегуфту ҳам таҳсил мекард корзореро барои тақозои озодӣ ва барчидани ҳама гуна "иттиҳомот бардурӯғ" алайҳи як пажуҳишгарро ба роҳ андохта буданд.

Ҳамакнун ин гурӯҳ аз ҳазорон тарафдоре ки додхости онҳоро ба мақомоти Тоҷикистон имзо карда буданд ибрози сипос карда ва навиштааст: “Мо ҳануз ҳам аз вазъи марбут ба озодиҳои илмӣ нигаронем, аммо дар ҳоли ҳозир мехоҳем муддатеро бо хушии марбут ба бозгашт (бозгашти Содиқов ба кору таҳсил) бигзаронем.”

Александр Содиқов, ки худ зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аст, тӯли чанд соли ахир дар созмонҳои байналмилалӣ ифои вазифа мекард ва ахиран ба пажӯҳиш машғул буд. Вай дар солҳои ахир дар Донишгоҳи Турунтуи Конодо ба унвони унвонҷӯ (PhD) ба омӯзишу пижӯҳиш машғул буд.

Вай ҳамчунин виростор ё сардабири бахши Осиёи Миёнаи торнамои "Global Voices Online" буд, ки мақолот ва блогҳояш дар сойти "Tajikistan Monitor" низ ҳамвора мунташир мешуд. Вай дар мақолоти худ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекард.

Матолиби муртабит