Бонки марказии Русия аз коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон хабар дод

  • 16 Сентябр, 2014
дуллор
Image caption Пули муҳоҷирони кории тоҷик барои таъмини саботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимъоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад

Бонки марказии Русия хабар дода, ки мизони интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 10 милюн дулор коҳиш ёфтааст.

Бонки марказии Русия рӯзи сешанбеи 16-уми сентябр омори дақиқеро дар бораи мизони интиқоли маболиғ ба ҷамоҳири собиқи шӯравӣ мунташир кард. Ин дар ҳолест, ки манобеъи расмии Тоҷикистон тайи ду соли ахир аз эъломи чунин омор худдорӣ мекунанд.

Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, аз авоили соли ҷорӣ ба ин сӯ аз Русия ба Тоҷикистон як милёрду 668 милюн дулор мунтақил шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам муъодили як милёрду 677,7 милюн дулор будааст. Яъне, дар соли ҷорӣ коҳиши ҳудуди 10-милюндулорӣ мушоҳида мешавад.

Ҳарчанд бархе аз коршиносон мегӯянд, ки чунин коҳиш чандон чашмрас нест ва дар тӯли сол метавонад ба самти мусбат тағйир ёбад, вале бархе дигар аз соҳибназарон таъкид мекунанд, ки ин амр метавонад натиҷаи таҳримот алайҳи Русия бошад.

Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд набояд фаромӯш кард, ки дар соли ҷорӣ Русия муқаррароти ҷадид барои вуруди муҳоҷирони кориро роҳандозӣ кард ва ба ин далел бархе аз атбоъи тоҷик натавонистанд вориди Русия шаванд.

Ахиран Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, дар суҳбат бо расонаҳои ин кишвар хабар дод, ки дар пайи роҳандозии муқаррароти ҷадид ҳудуди 124 ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик натавонистаанд барои кор вориди Русия шаванд. Эҳтимол меравад, ин рақам то 300 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Ҳамасола ҳудуди 1,5 милюн нафар аз атбоъи тоҷик барои пайдо кардани кор озими Русия мешаванд

Аз ҷумла, дар гузашта атбоъи тоҷик баъд аз се моҳи иқомат ва кор дар Русия метавонистанд аз марзи ин кишвар убур карда ва дубора вориди Русия шаванд. Ҳамакнун ин имкон аз байн рафтааст.

Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар робита бо ҳаводиси Укройн ба коҳиши машоғил барои муҳоҷирони корӣ мунҷар шуда ва бисёре аз онҳо наметавонанд дар Русия барои худ машоғил бо ҳуқуқи муносибе дарёфт кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳудуди 1,5 милюн аз атбоъи тоҷик барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба манотиқи мухталифи Русия сафар мекунанд. Дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон чаҳор милёрду 154,3 милюн дулор мунтақил карда буданд.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ин рақам муъодили 50 дарсади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст ва барои таъмини саботи иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар аҳаммияти боризе дорад.

Вале дар омори Бонки марказии Русия рақами дигаре ҳам ба назар мерасад, ки ҷолиб аст. Аз авоили соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия 254,1 милюн дулор мунтақил шудааст. Вале ба гуфтаи соҳибназарон, ин маблағ умдатан моли тоҷирон аст, ки барои харидории коло аз Тоҷикистон ба Русия мунтақил мешавад.

Соҳибназарон мегӯянд, ки коҳиши чашмраси мизони интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ва бозгашти эҳтимолии онҳо ба ватан метавонад барои давлати ин кишвар мушкилоти зиёде эҷод кунад.

Шояд ба ҳамин далел дар ҷараёни сафари ахири Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ба Тоҷикистон мавзӯъи шароити фаъъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар дар меҳвари музокирот буд.

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҷониби Русия қавл додааст, ки имкони додани иҷозаи вуруд ба ҳудуди 300 ҳазор табаъаи тоҷикро, ки аз ин имтиёз маҳрум шуда буданд, баррасӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Кумитеи омори Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд мизони ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон 918 сомонӣ ё ҳудуди 180 дулор аст. Дар Русия ин рақам муъодили 900 дулор мебошад.

Матолиби муртабит