Юнисеф: 'Лату кӯби кӯдак ҷурм аст, на шеваи тарбият'

  • 16 Сентябр, 2014
Ҳамоиш Image copyright BBC World Service
Image caption Дар як кунферонси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе роҳҳои ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи кӯдакон баррасӣ шуд

Бино ба пажӯҳиши Сандуқи Кӯдакони СММ (Юнисеф) дар ҷаҳон аз 60 то 70 дарсади кӯдакон бо анвоъи мухталифи хушунат, бахусус хушунати ҷисмонӣ, мувоҷеҳ ҳастанд.

Ин арқом дар кунферонси байналмилалии “Ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи кӯдакон” эълом шуд, ки рӯзи сешанбеи 16 сентябр дар чорчӯби тарҳи Иттиҳодияи Урупо ва ба ибтикори Сандуқи кӯдакони СММ, Ислоҳоти байналмилалии зиндонҳо дар Осиёи Марказӣ ва давлати Тоҷикистон баргузор шуд.

Шимо Боркин-Кузмин, намояндаи дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон, гуфт, ки мавориди хушунат алайҳи кӯдакон дар Тоҷикистон фаровон буда, аммо умдатан иттилоъ дар ин замина аз муҳити хонаводагӣ берун намеравад.

Ба гуфтаи хонуми Боркин-Кузмин, дар Тоҷикистон ин бовар вуҷуд дорад, ки душному сарзаниш ва ҳатто лату кӯби кӯдакон дар хонаводаҳо навъе “тарбият” аст ва ба ҳеч ваҷҳ хушунат талаққӣ намешавад.

Ӯ гуфт, ки аз ин лиҳоз дар Тоҷикистон дар бораи хушунати хонаводагӣ алайҳи кӯдаку навҷавон иттилоъи зиёде вуҷуд надошта, танҳо дар сурати лату кӯб шудани кӯдакон дар мактаб ё боздоштгоҳу зиндон фаъъолони ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи кӯдакон садо баланд мекунанд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитеи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон тарҳи қонуни “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” таҳия шуда ва ҳамакнун дар кумитеҳои порлумон баррасӣ мешавад.

Оқои Ватанов гуфт, ки қаблан дар чорчӯби қавонини “Пешгирии зӯроварӣ (хушунат) дар оила (хонавода)”, “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” ва Қонуни ҷиноӣ аз ҳуқуқи кӯдакон дифоъ мешуд.

Ба эътиқоди ӯ, афзоиши мавориди хушунат алайҳи кӯдакону навҷавонон дар Тоҷикистон, бахусус хушунати равонӣ, ба болоравии мизони ҷароим дар миёни ноболиғон мунҷар шудааст.

Ҳамчунин, Маҳмадалӣ Ватанов муҳоҷират, вазъияти иҷтимоъӣ дар кишвар ва истифода аз торнамоҳои интернетиро, ки мавориди зиёди хушунати тасвирӣ дар онҳо пахш мешавад, аз авомили дигари афзоиши ҷароим дар миёни навҷавонон арзёбӣ кард.

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Ватанов гуфт, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи кӯдакону навҷавонон тарҳи қонуни “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” таҳия шуда ва ҳамакнун дар кумитеҳои порлумон баррасӣ мешавад

Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта ноболиғон муртакиби 725 ҷиноят шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 сию се дарсад бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи натоиҷи муқаддамотии пажӯҳиши созмони байналмилалии “Penal Reform International” дар зиндонҳои кӯдакони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳангоми боздошт ва нигаҳдорӣ дар зиндон мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи кӯдакону навҷавонон сабт шудааст.

Ба гуфтаи Азаммат Шомбилов, ҳамоҳангсози тарҳҳои ин созмон, то ҳол дар зиндонҳои ин кишварҳо дар утоқи инфиродӣ ё ҳамроҳ бо зиндониёни бузургсол нигаҳ доштани афроди зери синни қонунӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин вазъ бо меъёрҳои байналмилалӣ муғойират дорад.

Оқои Шомбилов гуфт, аз ҷумлаи 100 кӯдаку навҷавони зиндонӣ, ки дар маҳбаси кӯдакон, мактаби вижаи кӯдакон ва ҳунаристони вижаи навҷавонони Тоҷикистон ба сар мебаранд, 37 дарсад гуфтаанд, ки дар зиндон бо маҳбусони бузургсол нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба эътиқоди ӯ, дар чунин шароите хатари хушунат алайҳи кӯдакон аз сӯи зиндониёни бузургсол бештар шуда ва ин амр дар вазъи равонии кӯдак ё навҷавони зиндонӣ асароти номатлуб хоҳад гузошт.

Сандуқи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи Урупо ва созмонҳои дигари байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ин ҳамоиш ба давлати Тоҷикистон тавсия доданд, то барои ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи кӯдакон дар муҳити хонавода ва ҷомеъа, ислоҳи вазъи кӯдакону навҷавонони зиндонӣ ва мутобиқ сохтани санадҳои ҳуқуқии ин кишвар бо меъёрҳои байналмилалӣ тадобири мушаххасе андешад.

Матолиби муртабит