Омрико дархости ҳамкорӣ бо Эрон алайҳи Доъишро такзиб кард

  • 16 Сентябр, 2014
Image copyright na
Image caption Вазири хориҷаи Ироқ дар нишасти Порис

Вазири хориҷаи Ироқ аз даъват нашудани Эрон ба иҷлоси байналмилалӣ дар Порис дар бораи таҳдиди гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ (Доъиш) интиқод кардааст.

Иброҳими Ҷаъфарӣ гуфт, ки ин тасмим "қобили таъассуф аст".

Ҳамзамон Омрико иддаъои рӯзи душанбеи раҳбари Эронро доир бар ин ки Вошингтун барои муқобила бо Доъиш аз Теҳрон дархости гуфтугӯ ва ҳамкорӣ карда буд, такзиб карда ва гуфтааст, ки бо Эрон ё Сурия ҳамкории низомӣ нахоҳад кард.

Ҷон Сокӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико, дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт: "Ин ки мо дар ҳошияи музокиртии ҳастаӣ, гуфтугӯҳое бо Эрон дар бораи муқобила бо Доъиш доштем, мавзӯъи пинҳонӣ набудааст."

Эрон ва Сурия дар маҷмӯъ тӯлонитарин марзҳоро бо Ироқ доранд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳафтаи гузашта ҳамкорӣ бо Эронро ба хотири "дахолати Эрон дар Сурия ва соири кишварҳо" рад кард, ҳарчанд гуфта мешавад, ки Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса, хостори ширкати Эрон дар иҷлоси Порис буд.

Сурия ҳам дар нишасти Порис ширкат надошт.

Оқои Ҷаъфарӣ, вазири хориҷаи Ироқ дар суханоне баъд аз кунфронс гуфт, ки аз ғайбати Эрон мутаъассиф аст.

Ӯ гуфт: "Мо муътақидем, ки ҳама кишварҳои ҷаҳон нигарони хатари терурисм ҳастанд. Эрон ҳамсояи мост, ба мо ёрӣ расонда ва бояд ҳозир мебуд, аммо мо масъули даъват аз кишварҳо набудем."

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки интизор надорад нерӯҳои заминии кишварҳои хориҷӣ даргири амалиёти низомӣ алайҳи Доъиш дар Ироқ бо Сурия шаванд.

Умедвории Бритониё

Ҳамзамон Филип Ҳамунд, вазири умури хориҷаи Бритониё, рӯзи душанбе гуфт умедвор аст Эрон аз барномаҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ (Доъиш) ҳимоят кунад.

Оқои Ҳамунд дар нишасти Порис барои баррасии роҳҳои муқобила бо Доъиш, ки имрӯз баргузор шуд, "узвияти тамом айёри" Эрон дар эътилофро дур аз интизор хонд, аммо ибрози умедворӣ кард, ки Эрон "ҳатто агар узви фаъъоли эътилоф ҳам набошад", бо барномаҳои он ҳамкорӣ кунад.

Пеш аз нишасти Порис Фавод Маъсум, раиси ҷумҳурии Ироқ, дар мусоҳибае ба хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфта буд, ки интизор дошта Эрон ҳам дар ин кунфронс ҳузур дошта бошад.

Оқои Маъсум гуфт: "Ба назарам лозим буд, ки Эрон дар кунфронс ҳузур медошт. Мо ҳудуди ҳазор килуметр марзи муштарак дорем ва аз аввалин рӯзи ҳамрлоти гурӯҳи Давлати Исломӣ ба Мавсил, Эрон ба мо кумакҳои башардӯстона ва низомӣ додааст."

Мавзӯъи ҳамкории Эрон ва Омрико дар Ироқ аз ҳудуди се моҳ пеш ва ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти густардаи нерӯҳои Давлати Исломӣ беш аз гузашта матраҳ шуда ва изҳороти мутафовит ва баъзан мутаноқизе аз тарафи мақомҳои ду кишвар дар бораи ин мавзӯъ матраҳ шудааст.

Матолиби муртабит