Таъсиси Сандуқи миллии муқобала бо Эч-ой-вӣ ва ЭЙДЗ дар Тоҷикистон

  • 17 Сентябр, 2014
ЭЙДЗ Image copyright AFP
Image caption Вируси нақси эмании инсонӣ ё Эч-ой-вӣ ва бемории ЭЙДЗ аз мушкилоти умда дар ҷаҳон арзёбӣ мешавад

Давлати Тоҷикистон Сандуқи миллӣ барои муқобала бо густариши вируси нақси эмании инсонӣ ё Эч-ой-вӣ (ВИЧ) ва бемории ЭЙДЗ (СПИД) таъсис додааст.

Гуфта мешавад, ки ин Сандуқ ба манзури ҳимояти молӣ аз иҷрои тарҳҳои мухталифи давлатӣ дар заминаи муқобала бо ин беморӣ ва ин вирус таъсис шудааст.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар аз ҳомилони вируси Эч-ой-вӣ ва мубталоён ба бемории ЭЙДЗ, умдатан ҷавонон, ба сар мебаранд.

Дар мусаввабаи давлати Тоҷикистон ба ҳамаи вазоратхонаҳо, устондориҳо ва шаҳрдориҳо дастур дода шудааст, ки ба ҷалби сармоя барои ин Сандуқ ва роҳандозии фаъъолияти он мусоъидат кунанд.

Зимнан, нахустин мавриди ташхиси вируси нақси эмании инсонӣ дар як табаъаи Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 сурат гирифт ва ҳамасола дар пайи ибтило ба бемории ЭЙДЗ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Дар мусаввабаи давлат ҳамчунин таъкид шудааст, ки тасмими таъсиси ин Сандуқ ба манзури ҳимояти молӣ аз иҷрои тарҳҳои мухталиф, мудово ва кумак ба ҳомилони вируси Эч-ой-вӣ ва мубталоён ба бемории ЭЙДЗ дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ҳимояти молӣ аз баргузории ҳамоишҳо ва анҷуманҳо барои баррасии роҳҳои мудовои ин беморӣ ва ҷилавгирӣ, роҳандозии ҳамкориҳо бо созмонҳои зирабт дар кишварҳои хориҷӣ дар фаъъолияти ин Сандуқ авлавият хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол бештари тарҳҳо дар заминаи муқобала бо вируси Эч-ой-вӣ ва бемории ЭЙДЗ дар Тоҷикистон аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ҳимояти молӣ мешаванд. Ва ҳатто бархе аз барномаҳои давлатӣ дар ин замина низ бо мусоъидати созмонҳои байналмилалӣ иҷро мешаванд.

Ба гуфтаи соҳибназарон, созмонҳои байналмилалӣ умдатан аз тарҳҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин замина ҳимояти молӣ мекунанд ва ин амр то ҷое мояи нигаронии мақомоти маҳаллӣ шудааст.

Ҳамакнун давлати Тоҷикистон талош мекунад, ки ҷараёни сармоягузорӣ дар ин бахшро низ таҳти назорати худ қарор бидиҳад. Вале рӯшан нест, ки бо таваҷҷуҳ ба камбуди будҷеи Тоҷикистон мақомот аз чӣ роҳе метавонанд аз иҷори ҳамаи барномаҳо дар ин замина ҳимоят кунанд.

Ҳарчанд аз таъсиси Маркази миллии муқобала бо бемории ЭЙДЗ дар Тоҷикистон чанд сол сипарӣ шудааст, вале, ба гуфтаи соҳибназарон, то ҳол фаъъолияти ин ниҳод чандон муассир набудааст.

Дар ҳамин ҳол, омори расмӣ ҳокист, ки бештари ҳомилони вируси нақси эминии инсонӣ ё Эч-ой-вӣ ва мубталоён ба бемории ЭЙДЗ дар Тоҷикистон ҷавонони зери 35-сола ҳастанд.

Дар миёни онҳо умдатан муътодон ба маводди мухаддир ва муҳоҷирон қарор доранд. Теъдоди андаке дар ҷараёни мудовои пизишкон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Хатари густариши вируси нақси эмании инсонӣ ё Эч-ой-вӣ ва бемории ЭЙДЗ дар ҷаҳон ба мушкиле умда табдил шуда ва ниҳодҳои байналмилалӣ хостори тавсеъаи талошҳо барои муқобала бо ин мушкил шудаанд. Ҳарчанд ахиран шуюъи чанд бемории тоза, назири эбуло, ҷомеъаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

Матолиби муртабит