Ҷаласаи Маҷлиси Афғонистон барои баррасии вазъияти амниятӣ муташанниҷ шуд

  • 17 Сентябр, 2014
Image copyright Parliament
Image caption Вахомати вазъияти амниятӣ ва ташдиди ҳамалоти мухолифонаи мусаллаҳ нигарониҳои аъзои Маҷлисро ба ҳамроҳ доштааст

Ҷаласаи умумии Маҷлиси намояндагони Афғонистон, ки бо ҳузури масъулони ниҳодҳои амниятии Афғонистон барои баҳс дар мавриди вазъияти амниятии кишвар баргузор шуда буд, барои лаҳазоте аз кунтрули ҳайъати идорӣ хориҷ ва башиддат муташанниҷ шуд.

Дар оғози ҷаласа теъдоде аз намояндагон аз масъулони амниятӣ дар мавриди вахомати авзоъи амниятии кишвар пурсуҷӯ карданд ва ҳангоме, ки Бисмиллоҳи Муҳаммадӣ, вазири дифоъи миллӣ, шурӯъ ба посух додан кард, Рамазони Башардӯст, намояндаи Кобул дар Маҷлис, суханони вазирро қатъ кард ва ӯро "намояндаи Мулло Муҳаммад Умар" номид ва Маҷлисро тарк кард.

Оқои Муҳаммадӣ фавран вокуниш нишон дод ва оқои Башардӯстро "ҷосуси бегона" хонд ва гуфт, ки изҳороти худро "ба дастури бегона" матраҳ мекунад.

Оқои Муҳаммадӣ идома дод: "Мулло Муҳаммад Умар худат ҳастӣ, ба дастури бегона омадӣ инҷо, бишин, ки ҷавобатро бидиҳам, ту тавҳин мекунӣ, ту ҷосуси бегонаӣ ва ба дастури бегона ин ҳарфҳоро мезанӣ, биё ҳарфҳои манро бишнав."

Гуфта мешавад, Рамазони Башардӯст дар байни мардум тарафдорони зиёде дорад, аммо изҳороташ дар Маҷлис бо вокунишҳои манфӣ мувоҷеҳ мешавад ва ба хотири изҳороташ чанд бор аз ҷаласоти умумии Маҷлиси намояндагон ихроҷ шудааст.

Вазири дифоъ дар идомаи изҳороти худ гуфт, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо мухолифони мусаллаҳе дар ҷанганд, ки дар берун аз кишвар таҷҳиз ва тамвил мешаванд ва ба Афғонистон "таҷовуз мекунанд", ки нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли набард бо таҷовузанд.

Ӯ гуфт, ки ҳамалоти мухолифони мусаллаҳ дар солҳои гузашта ҳамасола рӯ ба афзоиш буда ва нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳар сол бо ташдиди ҳамалоти шӯришиён рӯбарӯ буда, аммо таъкид кард, ки мухолифони мусаллаҳ бо вуҷуди ҳамалоти рӯзафзун "муваффақ нашудаанд, ки ба аҳдофи калидии худ, яъне суқути Афғонистон, сукқути вилоёт, суқути воҳидҳои идорӣ ва банд андохтани шоҳроҳҳо бирасанд."

Абдурауфи Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон, дар оғози ҷаласаи умумӣ гуфт, ки дар моҳҳои ахир вазъияти амниятӣ рӯ ба вахомат буда ва намояндагони Маҷлис дар ин маврид ибрози нигаронӣ караанд.

Дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон Бисмиллоҳи Муҳаммадӣ, вазири дифоъи миллӣ, Умар Довудзай, вазири умури дохила, ва Ҳисомиддини Ҳисом, сарпарасти муъовинати амнияти миллӣ, ҳузур доранд.

Матолиби муртабит