Исоев: 'Ман аз Кюнет на, Кюнет аз миллати тоҷик бояд узрхоҳӣ кунад'

  • 17 Сентябр, 2014
Орзӯ Исоев Image copyright BBC World Service
Image caption Исоев: "Ҳамон фарде, ки ҳоло дар Молезӣ нишастааст, бояд аз ҳазорон хонаводаи қарздоршудаи тоҷик узрхоҳӣ кунад"

Орзӯ Исоев, рӯзноманигори тоҷик, дар вокуниш ба шикояти масъулони ширкати "Кюнет" ба додгоҳ алайҳи ӯ мегӯяд, ки комилан омодааст дар додгоҳ аз худ дифоъ кунад.

Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки "ба ҳеҷ ваҷҳ" аз масъулони ин ширкат узрхоҳӣ нахоҳад кард.

Оқои Исоев, замоне ки дар родиюи "Имрӯз" ба унвони хабарнигор фаъъолият дошт, барои бори нахуст дар барномаи "Баҳси рӯз"-и ин родию фаъъолияти ширкати "Кюнет"-ро, ки пештар бо номҳои "Квестнет" ва "Гулдквест" ҳам машҳур буд, зери суол бурд.

Ӯ аз ҷумла дар барномаҳои худ, ки ба сурати мустақим пахш мешуданд, бо афроде суҳбат мекард, ки мегуфтанд ба хотири шеваи кори ин ширкат варшикаста ва бидеҳкор шудаанд.

Талоши мо барои суҳбат бо масъулони ширкати "Кюнет" натиҷае надод, вале ба гуфтаи манобеъи додгоҳӣ, ин ширкат тақозо кардааст, ки Орзӯ Исоев ва родиюи "Имрӯз" аз ин ширкат барои пахши иттилоъоти бардурӯғ узрхоҳӣ кунанд.

Аммо Орзӯ Исоев дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Аслан ман аз ин ширкат на, балки ҳамон фарде, ки ҳоло дар Молезӣ нишастааст, бояд аз ҳазорон хонаводаи тоҷик узрхоҳӣ кунад, ки ба хотири ин ширкат варшикаста ва қарздор шудаанд."

Ин рӯзноманигор мегӯяд, ки шикояти масъулони ширкат ба додгоҳро хонда ва омода аст ба ҳамиа иддиъоҳои онон посух бидиҳад.

Оқои Исоев ба додгоҳ расидани ин қазияро фишор бар озодии баён ва ҷилавгирӣ аз кори рӯзноманигорӣ унвон карда ва таъкид кард, ки Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон барои ба додгоҳ кашида шудани ин қазия замина фароҳам кардааст.

Дар моҳи августи соли ҷорӣ Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон шикояти масъулони "Кюнет"-ро баррасӣ карда ва бо нашри иттилоъияе оқои Исоевро дар нақзи панҷ банди ойинномаи ахлоқи рӯзноманигорӣ муқассир хонда буд.

Дар ин иттилоъия омада буд, ки дар ҷараёни баҳсҳо перомуни фаъъолияти ширкати "Кюнет" дар барномаи "Баҳси рӯз"-и родиюи "Имрӯз" муқаррарот "дар бораи рисолати расона ва рӯзноманигор", "дар бораи ақида, далел ва гумону тахмин", "дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс", "дар бораи "эҳтимоли бегуноҳӣ (асли бароат)" ва "дар бораи ҳамраъйии касбӣ" нақз шудааст.

Шӯрои расонаҳо ҳеч далел ё шоҳиде дар бораи чигунагии нақзи ин муқаррарот аз сӯйи Орзӯ Исоев ироа накарда ва фақат овардааст: "...азбаски Орзу Исоев фаъъолияташро дар родиюи "Имрӯз" қатъ намудааст, ба идораи родиюи "Имрӯз" тавсия дода мешавад, ки минбаъд ҳангоми омода кардани чунин барномаҳо ба эҳсосот дода нашаванд ва аз маслиҳати мутахассисони соҳа истифода кунанд."

Аммо оқои Исоев рӯзи 17-уми сентябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин натиҷагирии Шӯрои расонаҳоро ғайримунсифона хонд ва гуфт: "Ман намефаҳмам, оё вазифаи ин Шӯро муҷозот барои ҳақиқат ва мукофот барои дурӯғ аст?"

Қарор аст аз Орзӯ Исоев дар додгоҳ Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ё НАНСМИТ пуштибонӣ кунад.

Гуфта мешавад Сайҳомид Маҳмудов, раиси намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон, аз пайвандони Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аст.

Бар асоси гузоришҳо, фаъъолияти ин ширкат, ки бисёре аз он ба унвони як ширкати ҳарамӣ (пирамида) ном мебаранд, дар бархе аз кишварҳо, монанди Эрон, Туркия ва бархе иёлоти Ҳинд мамнӯъ шуда ва теъдоде аз мудирон ва аъзои он ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ боздошт шудаанд.

Ширкати "Кюнет", ки тайи солҳои ахир бештар бо номи "Кюнет" (QNet) фаъъолият мекунад, дар гузашта бо номҳои QuestNet, GoldQuest ва QI Limited шуҳрат дошт. Ин ширкат дар соли 1998 дар Ҳунг Кунг таъсис шуда ва аз авоили даҳаи 2000 ба ин сӯ дар Тоҷикистон низ муштариёни зиёде пайдо кардааст.

Матолиби муртабит