Раҳмон: 'Занҳо ва ҷавононро бештар ба интихобот номзад кунед'

  • 18 Сентябр, 2014
Эмомалӣ Раҳмон Image copyright BBC World Service
Image caption Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки ҷавонон ва занон бештар ба порлумони Тоҷикистон раҳ ёбанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва раҳбари Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ), аз аъзои ҳизби худ даъват карда, ки ба интихоботи ояндаи порлумонӣ номзадҳои бештареро аз ҷумлаи ҷавонон ва занҳо пешниҳод кунанд.

Ин матлабро оқои Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи ҲХДТ матраҳ кардааст. Имрӯз ҳайъати раисаи ин ҳизб тасмим гирифтааст, ки анҷумани қабл аз интихоботи ҲХДТ 13-уми декабри соли ҷорӣ дар Кохи “Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Ба ин анҷуман 1200 вакил аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон даъват хоҳанд шуд. Интизор меравад вакилони анҷуман барномаи интихоботии ҳизби худро тасвиб кунанд.

ҲХДТ дар садад аст ба феҳрасти ҳизбии интихоботии худ асомии 28 номзадро ворид кунад. Ҳамчунин пешниҳоди 41 номзад тавассути ҳавзаҳои интихоботӣ дар назар гирифта шудааст.

Таҷрубаи интихобот дар солҳои ахир нишон медиҳад, ки ҳудуди 80 дарсад аз номзадҳои ин ҳизб дар интихоботи порлумонӣ пирӯз мешаванд. Ҳарчанд мунтақидони Президент Раҳмон бар ин боваранд, ки агар интихобот мунсифона баргузор шавад, шонси пирӯзии ҲХДТ дар интихоботи порлумонӣ андак аст.

Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар поёни соли 1994 таъсис шуда ва раҳбарии онро Президент Раҳмон бар уҳда дорад. Гуфта мешавад, ин ҳизб 250 ҳазор узв дорад ва дар порлумони Тоҷикистон ва маҷолиси вилоёту шаҳрҳои кишвар аксари курсиҳоро ба худ ихтисос додааст.