Тоҷике дар боздоштгоҳи пулиси Русия ҷон бохтааст

  • 18 Сентябр, 2014

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар асари шиканҷа дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Солнечногорски Русия фавт кардааст.

Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия аз қавли манобеъи Кумитеи бозҷӯии ин кишвар хабар дода, ки шоми гузашта ин шаҳрванди тоҷик ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номус боздошт шуда ва дар идораи пулиси ин шаҳр мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки шаби гузашта вазъи саломатии фарди боздоштшуда рӯ ба вахомат гароида ва пизишкони кумаки фаврӣ ӯро мурда дарёфтаанд.

Гуфта мешавад, мумкин аст кормандони пулис ба ҳангоми бозпурсию истинтоқ аз шиканҷа истифода карда бошанд ва ин амр мӯҷиби марги шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.

Манобеъи Кумитеи бозҷӯии Русия гуфтаанд, ки пас аз мушаххас шудани иллати марги шаҳрванди тоҷик алайҳи кормандони пулис парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.

Дар соли гузашта беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия фавт кардаанд, ки иддае аз онҳо ба дасти миллатгароёни рус ё ба истилоҳ “тоссарҳо” кушта шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи октябри соли гузашта дар ҷангали шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ҷасади бесари Аҳтамшо Шарифов, як шаҳрванди тоҷик, пайдо шуда буд. Аммо то ҳол дар мавриди боздошти омилони ин ҳодиса ва муҷозоти онҳо иттилоъе пахш нашудааст.