Нашрияҳои Душанбе: 18 сентябр

  • 18 Сентябр, 2014
“Самак” Image copyright BBC World Service
Image caption Нашрияи “Самак” дар матлаби “Каримов ва Раҳмон: яхҳо об шуданд!?” дидори ин ду раиси ҷумҳуриро барои беҳбуди равобити Тоҷикстону Узбакистон муҳим хондааст

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой, дидорҳои дуҷонибаи руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Узбакистон ва Тоҷикистону Чин аз мавзӯъоти аслии матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи Душанбе маҳсуб мешаванд.

Нашрияҳои давлатии Тоҷикистон баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар шаҳри Душанберо "дар сатҳи олӣ" унвон карда ва натоиҷи онро “муҳим ва таърихӣ” хондаанд.

Аммо ба навиштаи Пайк, ин нишаст бештар ба суди Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, анҷом шуда, арзёбии масоили Укройн ва баёния алайҳи тавсеъаи Ноту бар пояи “сенориё”-и ӯ сурат гирифтааст.

Аз сӯйи дигар, ба навиштаи нашрия, Чин низ дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шонгҳой манофеъи иқтисодию сиёсии худро бароварда сохта, аз ин ниҳод ба ҳайси “майдони сармоягузорӣ, бозори маҳсулоти худ ва дастрасӣ ба захоири бойи кишварҳои Осиёи Марказӣ ” истифода мекунад.

Нигоҳ менависад, Русия талош дошт аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ барои пуштибонӣ аз амалкардҳояш дар Укройн истифода кунад ва дар ин замина эъломияю баёнияи муштарак тасвиб шавад.

Нашрия менависад: "Пушти дарҳои баста сурат гирифтани баррасии ин масъала гувоҳ буд, ки ҳеч кадоме аз ин кишварҳо, ҳатто Чин, ҳозир нест зери эъломияе имзо гузоранд, ки дасти Маскавро ба тасарруфи дигар бахши қаламрави Укройн боз мекунад ва ё ҳаддиақал ишғоли Кримеро ҷомаи қонунӣ мепӯшонад."

Ҳамчунин, нашрияҳо дидори руасои ҷумҳурии Чин ва Тоҷикистон ва имзои асноди мухталифи ҳамкорӣ миёни ин ду кишварро нишонае аз тавсеъаи бесобиқаи ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон хонда ва дурнамои ин гуна ҳамкориҳоро барои рушди иқтисоди Тоҷикистон муассиру сарнавиштсоз талаққӣ кардаанд.

Asia-Plus, нашрияи мустақилли русизабон, ба навбаи худ меҳмондорӣ ва зиёфати бошукӯҳи Шӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин, ва ҳамсараш дар манзили Президент Раҳмонро, ки аз тариқи шабакаҳои давлатии теливизиюни ин кишвар пахш шуд, рӯйдоде бесобиқа арзёбӣ кардааст.

Ба навиштаи нашрия, пас аз чунин дидори самимӣ миёни Тоҷикистону Чин 16 санади ҳамкорӣ, ки ҳазинааш беш аз шаш милёрд дулор аст, ба имзо расидааст.

Asia-Plus аз қавли коршиносон раванди тавсеъаи ҳамкориҳои Чину Тоҷикистонро “тарси Тоҷикистон аз сиёсатҳои Русия ва фосила гирифтан аз ин кишвар” хондааст.

Ин дар ҳолест, ки Дайджест Пресс, нашрияи мустақили русизабони дигар, тавсеъаи ҳамкориҳо бо Чинро навъе “таҳоҷуми сокити иқтисодӣ”-и ин кишвар ба Тоҷикистон унвон кардааст.

Ба навиштаи нашрия, Чин аз вомдиҳандагони аслии Тоҷикистон дар ҷаҳон маҳсуб шуда ва то ҳол мизони бидеҳиҳои Тоҷикистон аз Чин болиғ ба як милёрд дулор будааст. Ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва таҳримҳои Иттиҳодияи Урупою Омрико Русия имкони сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро надорад.

Нашрия аз қавли коршиносон менависад: "Пекан тавассути тахсиси вомҳо аҳдофи истротежики хешро бароварда месозад. Яъне, дар иҷрои тарҳҳое, ки Чин дар онҳо сармоягузорӣ мекунад, коргарони чинӣ фаъъолият мекунанд."

Бархе аз соҳибназарон дар суҳбат бо Озодагон аз густариши ҳузури Чин дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфтаанд: "Мо аз Чин барои сохтани иншооте қарз мегирем, ки онҳоро худи Чин месозад, нишонаҳои роҳро ҳам ба забони чинӣ мемонем, кишоварзони чиниро барои истифодаи номаҳдуд аз заминҳои раҳошудаи тоҷикон меоварем ва коргарони чинӣ чанд зани тоҷик мегиранд."

Дар ҳамин ҳол, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси мустақил, дар мусоҳиба бо нашрияи русизабони Бизнес и политика хостори ҳамкориҳои танотанг бо Чин шуда ва гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд бо таваҷҷуҳ ба тарҳи камарбанди иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим, ки Чин пешниҳод кардааст, истротежии миллии рушди кишварро таҳия кунад.

Ба эътиқоди оқои Маҳмадазимов, дар назар аст дар чорчӯби ин тарҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ лӯлаҳои гоз, нафту обрасонӣ, роҳҳи утумубилраву оҳан бунёд шуда ва ин амр ба рушди иқтисоди кишварҳои минтақа, бо шумули Тоҷикистон, мусоъидат хоҳад кард.

Таваҷҷуҳи бештари нашрияҳои мустақил ба дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Узбакистон маътуф шудааст, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ анҷом шуд.

Самак дар матлаби “Каримов ва Раҳмон: яхҳо об шуданд!?” дидори ин ду раиси ҷумҳуриро барои беҳбуди равобити Тоҷикстону Узбакистон муҳим хондааст.

Нашрия барои бори аввал аз соли 2008 дар остонаи ҷашни истиқлоли Узбакистон баста нашудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишварро аз нишонаҳои ибтидоии “об шудани яхҳои равобит” арзёбӣ кардааст.

Asia-Plus дидор ва "дастфишории дӯстонаи" Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримовро муҳимтарин рӯйдоди нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Душанбе унвон кардааст.

Ба навиштаи нашрия, ба далели ихтилофи назарҳо дар масоили обу энержӣ равобити Тоҷикистону Узбакистон ба сардӣ гароида ва сарони ин ду кишвар гаҳ-гоҳе бо ҳам дидор мекунанд. Дидори ахири онҳо чаҳор сол қабл дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Тошканд анҷом шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Озодагон бар асоси гузориши созмони олмонии мавсум ба "GIZ" фирори мағзҳо аз Тоҷикистонро мояи нигаронӣ хондааст, ки аз 10 нафар шаш мутахассис кишварро тарк кардаанд.

Нашрия далели ин равандро “бекорӣ, набудани эътимод ба фардо, қадр нашудани ҳунарманд, пойин будани мизони дастмузд ва фазои носолими тақсими ҷойи кору ошкоро афзалият додан ба намояндагони як маҳал” унвон кардааст.

Матолиби муртабит