Амалиёти пулиси Устролиё барои муқобила бо тавтеъаи гурӯҳи Доъиш

  • 18 Сентябр, 2014
Image copyright police

Тунӣ Эбут, нахуствазири Устролиё, гуфта пулиси ин кишвар аъзои гурӯҳеро, ки қасди "қатли ошкор" доштанд, дастгир кардааст.

Бино ба гузоришҳо, онҳо мехостанд мардумро ба дастури гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ, Доъиш, гардан бизананд.

Оқои Эбут гуфт ҳукми дастгирии ин афрод баъд аз дарёфти гузоришҳои иттилоъотӣ содир шудааст. Ҳафтаи гузашта дар миёни нигарониҳои марбут ба таҳдиди эҳтимолӣ, ки аз сӯйи аъзои Доъиш мумкин аст мутаваҷҷеҳи мардуми Устролиё бошад, сатҳи ҳушдор ва омодагӣ дар мавриди амалиёти теруристӣ аз мутавассит ба боло иртиқо ёфт.

Беш аз ҳаштсад афсари пулис дар амалиёти дастгирии аъзои Доъиш др шаҳрҳои Сидней ва Бризбун ширкат доштанд.

Ин бузургтарин амалиёти зиддитерурисм дар Устролиё будааст.

Расонаҳои Устролиё дар ин маврид гузориш карданд, ки ин афрод қасд доштанд як устролиёиро дар парчами гурӯҳи Доъиш бипӯшонанд ва гардан бизананд.

Имрӯз як мард ба иттиҳоми тавтеъа барои анҷоми як ҳамлаи теруристӣ дар додгоҳ ҳозир мешавад.

Ҷон Донисун, хабарнигори Би-би-сӣ дар Сидней, мегӯяд ахбори марбут ба тавтеъаи гардан задани як устролиёӣ дар малои ом бисёре аз мардуми инҷо, аз ҷумла аксарияти ҷомеъаи мусалмонро, ки афроде миёнарав ҳастанд, такон хоҳад дод.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд бисёре аз мусалмонони Сидней аз он чи дар Ироқ ва Сурия мегузарад нохушнуданд, аммо ҳаргиз ба хушунат рӯ намеоваранд. Ин гуна ҳамалот боъиси душманӣ бо ҷомеъаи мусалмонон мешавад.

Матолиби муртабит