Шикояти як мақоми давлатӣ алайҳи ду рӯзноманигори 'ИмрӯзNews'

  • 19 Сентябр, 2014
Исфандиёри Назар, Назири Нусрат Image copyright BBC World Service
Image caption Исфандиёри Назар ва Назири Нусрат рӯзи гузашта ба додситонии ноҳияи Исмоъили Сомонӣ эҳзор шудаанд

Мудири Идораи фурӯши китоб ва нашриёти даврӣ, як ниҳоди вобаста ба шаҳрдории Душанбе, алайҳи ду рӯзноманигори маҳаллӣ ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Аброр Имомов аз додситонии ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе хостааст, ки алайҳи Исфандиёри Назар ва Назири Нусрат, хабарнигор ва сардабири рӯзномаи "ИмрӯзNews" парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

Иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи ин ду хабарнигор, дар сурати таъйид дар додгоҳ, муҷозоти нуҳ сол зиндон ё ҷарима ба маблағи нуҳ ҳазор сомонӣ ва ё манъи фаъъолияти хабарнигорӣ барои се солро дар пай хоҳад дошт.

Ин хабарнигорон дар тобистони соли ҷорӣ дар рӯзномаи "ИмрӯзNews" матлаберо зери унвони "Даъво доранд: "Олами китоб" ҳабс карда шавад" мунташир кардаанд.

Оқои Имомов онҳоро ба нақзи қавонини кишвар, аз ҷумла ба "берун рафтан аз ваколати хидматӣ" ва "монеъ шудан аз иҷрои адолати додгоҳӣ" муттаҳам кардааст. Рӯзи панҷшанбеи 18 сентябр ин ду хабарнигор барои бозпурсӣ дар мавриди ин қазия ба додситонии ноҳияи Исмоъили Сомонӣ эҳзор шудаанд.

Исфандиёри Назар рӯзи ҷумъаи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ ҳамаи иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯйи оқои Имомовро бепоя хонда ва гуфт, ки ӯ ва ҳамқаламаш матлаби худро бар пояи далоили муътамаде нивиштаанд.

Вай гуфт: "Дар ин мақола мо мушкилоти толори китобфурӯшии мавсум ба "Китоб"-ро, ки ба Шоъира Абдуллоева таъаллуқ дорад, баррасӣ намудем. Албатта, дар мавриди мушкилоти китобфурӯшӣ мо қаблан низ матолибе мунташир карда будем ва ин матлаб идомаи пайгириҳои рӯзнома аз ҷараёни баҳсҳои Абдуллоева бо идораест, ки Имомов роҳбари он мебошад."

Талоши мо барои иртибот бо оқои Имомов натиҷа надод, вале гуфта мешавад вай аз хабарнигорон хостааст собит созанд, ки хонум Абдуллоева барои бозсозии фурӯшгоҳи китоб дар муҷтамаъи мавсум ба "Пойтахт-80" як милюн сомонӣ масраф карда ва кутуби вай ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ ба сирқат бурда шудааст.

Оқои Назар дар ин бора афзуд: "Ҳамчунин Имомов навиштааст, ки гӯё мо бо нашри ин матлаб пинҳонӣ ба кори суд (додгоҳ) фишор овардаем. Магар нашри хулосаи суд фишор ба суд аст? Воқеъият ин аст, ки Имомов бо талаби президенти кишвар, ки дар маросими ифтитоҳи бахши аввали муҷтамаъи "Пойтахт-80" аз шаҳрдорӣ хоста буд, то ошёнаи аввали он толори китобфурӯшӣ шавад, мухолифат мекунад."

Вай афзуд: "Мо талабу пешниҳоди президентро дар ин маврид пуштибонӣ кардаем ва акнун ҳам мегӯуем, ки толори "Китоб", ки хонум Абдуллоева онро бо заҳамоти фаровон омода кардааст, аз беҳтарин толорҳои китобфурӯшии пойтахт аст."

Оқои Назар ёдовар шуд, ки хонум Абдуллоева аз нахустин тоҷирони тоҷик буд, ки ҳанӯз дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тиҷорати китобро дар Душанбе роҳандозӣ карда буд ва ҳамакнун "хидмати ин занро бояд қадр кард, на ин, ки ба он хоки сияҳ пошид."

Ин дар ҳолест, ки дар як соли ахир ниҳодҳои давлатӣ ва ҳатто ширкатҳои таҳти кунтрули афроди наздик ба мақомҳои давлатии Тоҷикистон пайваста аз фаъъолияти хабарнигорон ва нашрияҳо ба додситонӣ шикоят бурда ва бо онҳо вориди баҳсҳои додгоҳӣ мешаванд.

Ахиран ширкати мавсум “Кюнет” алайҳи Орзу Исоев, муҷрии собиқи яке аз барномаҳои родиюи хусусии “Имрӯз” ба додгоҳ шикоят карда ва ӯро ба пахши иттилоъоти носаҳеҳ муттаҳам кардааст.

Қаблан гурӯҳе аз фарҳангиёни тоҷик ва созмонҳои ҳунарӣ алайҳи Олга Тутубалина, сардабири собиқи нашрияи русизабони "ASIA-Plus" ба додгоҳ шикоят бурда ва хостори пардохти ғаромат шуда буданд.

Мудофеъони озодии матбӯъот давлати Тоҷикистонро ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва монеъ шудан аз иттилоърасонӣ ба мардуми ин кишвар дар бораи фаъъолиятҳои фасодомези мансабдорони давлатӣ муттаҳам мекунанд.

Матолиби муртабит