Ширкати Зойиров дар ҳамоиши ҷаҳонии сусиёл-демукротҳо дар Остона

  • 19 Сентябр, 2014
Раҳматилло Зойиров Image copyright BBC World Service
Image caption Раҳбари ҲСДТ ҳизби худро ҷузъе аз ҷунбиши байналмилалии сусиёл-демукрот медонад

Дар остонаи баргузории интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон раҳбарони аҳзоби мухолифи давлат дар ҳамоишҳое дар хориҷ аз ин кишвар ширкат мекунанд.

Аз ҷумла, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), дар ҳамоиши аҳзоби сусиёл-демукрот дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ширкат кардааст.

Ин ҳамоиш ба манзури баррасии ҷунбиши сусиёл-демукрот дар ҷаҳон ва вокуниш ба ҳаводиси Укройн баргузор шудааст.

Тибқи баёнияи раҳбари ҲСДТ, дар ин ҳамоиш мудири кулли Интерносиюноли сусиёлистӣ – Иттиҳодияи сусиёл-демукрот Луиз Ойёло (Ландон), чанд нафар аз масъулони ин созмон ва порлумони Урупо (Бруксел), вакилони порлумонҳои миллӣ ва намояндаҳои ҳизбҳои сусиёл-демукроти Русия, Укройн, Арманистон, Озарбойҷон, Маҷористон, Мулдовӣ, Қазоқистон ва ғайра ширкат кардаанд.

Бори нахуст нест, ки раҳбари сусиёл-демукротҳои тоҷик дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҷунбиши сусиёл-демукротҳо дар ҷаҳон яке аз нерӯҳои қавии сиёсӣ дониста мешавад ва дар бархе аз кишварҳои урупоӣ аҳзоби сусиёл-демукрот дар сари қудратанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумлаи сиёсатмадорони шинохта дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дониста мешавад

Ба назар мерасад, дар баробари таблиғи мавзӯъи ҳамгироии ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон бо аҳзоби мушобеҳ дар минтақа аҳзоби мухолифи давлат низ дар остонаи интихоботи ояндаи порлумонӣ талош доранд равобити байналмилалии худро тақвият бидиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи давлат, низ якҷо бо Махмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯйи ҲНИТ, дар ҳамоиши байналмилалии "Эътилофи динҳои ҷаҳон ба хотири сулҳ" дар шаҳри Сеул, пойтахти Куреи Ҷанубӣ ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ин кунферонс илова бар рӯҳониён ва раҳбарони сиёсӣ ва динии дигар мазоҳиби ҷаҳон беш аз 300 нафар аз раҳбарони сиёсӣ ва динии мусалмон низ ширкат мекунанд.

Матолиби муртабит