Даргузашти як зани мутадаййини тоҷик дар зиндони Узбакистон

  • 19 Сентябр, 2014
Нилуфар Раҳимҷонова
Image caption Шароити даргузашти хонум Раҳимҷонова дар зиндони Узбакистон рӯшан нест, аммо мудофеъони ҳуқуқи башар ба эҳтимоли шиканҷа шудани ӯ таъкид мекунанд

Дар зиндони занони Зангиотаи вилояти Тошканди Узбакистон Нилуфар Раҳимҷонова, як шаҳрванди тоҷик, фавт кардааст.

Ба гуфтаи пайвандони Нилуфар Раҳимҷонова, ӯ соли 2012 ба иттиҳоми “убури ғайриқонунӣ аз марз ва терурисм” ба муддати 10 сол дар узбакистон равонаи зиндон шуда буд.

Рӯзи шанбеи гузашта маъмурони пулис ҷасади ин зани зиндониро дар шаҳри Тошканд ба наздиконаш таслим карда ва хостори дафни сареъи ӯ шудаанд. Ҷасади хонум Раҳимҷонова худи ҳамон рӯз дар қабристони Олмазори шаҳри Тошканд ба хок супурда шудааст.

Гуфта мешавад, кормандони ниҳодҳои умури дохилаи Узбакистон иллати фавти хонум Раҳимҷоноваро ташреҳ надодаанд.

Нилуфар Раҳимҷоноваи 37-сола духтари бузурги Маъруфҷон Раҳимҷонов, имом-хатиби собиқи мадрасаи Кӯкалдоши Тошканд, будааст. Оқои Раҳимҷонови 64-сола дар солҳои 1990-1991 имомати ин мадрасаро ба уҳда дошта ва дар солҳои ахир дар шаҳри Истаравшан дар шимоли Тоҷикистон ба сар мебарад.

Хонум Раҳимҷонова дар шаҳри Бухоро ба дунё омада ва дар даҳаи 1990 дар Тоҷикистон бо Сайидюнуси Истаравшанӣ, рӯзноманигори мунтақиди давлати Тоҷикистон, издивоҷ кардааст.

Дар даҳаи 1990 ин хонавода ба Эрон муҳоҷират карданд ва Сайидюнуси Истаравшанӣ дар Донишгоҳи “Мустафо”-и шаҳри Теҳрон мударрисӣ кардааст. Оқои Истаравшанӣ поягузор ва сардабири торнамои маъруфи “Кимиёи саъодат” аст.

Арӯсӣ ва мотам

Сайидюнуси Истаравшанӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамсараш моҳи июни соли 2011 ба манзури аёдати пайвандонаш аз Теҳрон озими шаҳри Истаравшан шуда ва қасд дошт дар маросими арӯсии додараш дар шаҳри Тошканд ширкат кунад.

Бо вуҷуди мухолифати ӯ, ҳамсараш моҳи августи соли 2011 ба шаҳри Тошканд рафта ва дар ҷараёни омодагиҳо барои маросими арӯсӣ аз сӯйи кормандони пулис боздошт шудааст.

Мақомоти узбак нахуст ӯро ба “убури ғайриқонунӣ аз марз” муттаҳам кардаанд ва баъдан Нилуфар Раҳимҷонова аз тариқи телевизиюни давлатии Узбакистон “омӯзиш дар урдугоҳҳои теруристӣ дар Эрон ва қасди амали теруристӣ доштан дар ҳудуди Узбакистон”-ро “эътироф” кардааст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ мегӯяд, ки мутмаин аст ҳамсараш дар асари шиканҷа иттиҳомоти сохтагиро пазируфтааст.

Ҷасади нахустин зани мутадаййин

Ба гуфтаи Сурат Икромов, ҳуқуқдон аз шаҳри Тошканд, то ба ҳол созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари маҳаллӣ фавти занҳои мутадаййин дар зиндон ба иттиҳоми “терурисм ёфаъъолиятҳои мазҳабӣ”-ро сабт накардаанд ва Нилуфар Раҳимҷонова нахустин нафар аз чунин занон аст, ки дар зиндон ҷон бохтааст.

Дар ҳоле ки оқои Икромов шароити зиндонҳои занонро дар Узбакистон дар муқоиса бо зиндонҳои мардон “як андоза беҳтар” хонда, аммо Муътабар Тоҷибоева, аз мудофеъони саршиноси ҳуқуқи башари Узбакистон ва зиндонии сиёсии пешин, ин иддиъоро бепоя хонд.

Ба гуфтаи хонуми Тоҷибоева, шароити нигаҳдорӣ дар зиндонҳои занон дар Узбакистон ногувор буда ва “ҳамасола аз зиндон ҷасади 4-5 нафар берун мешавад.”

Хонуми Тоҷибоева гуфт: “Бештари фавткардагон мӯътодони маводди мухаддир ва мубталоён ба бемории ЭЙДЗ буда ва тибқи қонуни афв ин гуна афрод бояд аз зиндон озод шаванд. Аммо зиндониёне, ки мубтало ба бемории вазнин ҳастанд, афв намешаванд ва ба онҳо кумаки пизишкӣ низ ироа намешавад.”

Ба гуфтаи ӯ, дар зиндонҳои занон дар Узбакистон мавориди шиканҷа ва азияту озор фаровон буда, зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабӣ бештар аз дигарон шиканҷа мешаванд.

Зимнан, дар соли 2002 Теу ван Бувен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷа, аз Узбакистон дидан карда ва аз “истифодаи системотик аз шиканҷа дар ин кишвар” хабар дода буд.

Билофосила пас аз нашри гузориши СММ дар бораи шиканҷа дар Узбакистон давлати ин кишвар эълом карда буд, ки ҳукумати ин кишвар алайҳи шиканҷа тадобири мушаххасе андешидааст.

Аммо даргузашти Нилуфар Раҳимҷонова дар зиндон нишон медиҳад, ки пас аз 12 соли нашри гузориши СММ дар мавриди шиканҷа дар Узбакистон вазъияти зиндонҳо дар ин кишвар иваз нашудааст.

Матолиби муртабит