Падарбузург духтар, шаш нава ва худашро 'кушт'

  • 19 Сентябр, 2014

Пулиси Флуридо мегӯяд як марди 51-молаи омрикоӣ бо шиллики гулӯла духтараш ва шаш фарзанди ӯро кушта ва сипас худкушӣ кардааст.

Роберт Шултз, калонтари минтақаи Бел дар Флуридо, мегӯяд кӯдакони кушташуда дар ин воқеъа аз се моҳ то 10 сол син доштанд.

Пулис падарбузурги 51-соларо Дон Чорлз Испирит шиносоӣ кардааст ва мегӯяд ӯ пас аз шиллик ба духтар ва наваҳояш (набераҳояш) ба пулис телефун карда буда ва аз нияти худ хабар дода будааст.

Калонтар Шултз ба расонаҳо гуфта дар тӯли даврони хидматаш чунин воқеъае надидааст ва аз он ҷо ки маҳаллаи вуқӯъи ин куштор бисёр кучак аст, ҳама хонаводаҳои сокини он аз ин трожедӣ башиддат мутаъассир хоҳанд шуд.