Номзадҳои интихоботи Афғонистон 'ба тавофуқ расиданд'

  • 20 Сентябр, 2014
Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ Image copyright AFP
Image caption Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ду номзади аслии интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳастанд

Аъзои аршади ситодҳои ду номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ба Би-би-сии Форсӣ гуфтаанд, ки тамоми ихтилофоти ду тараф бар сари ташкили давлати ваҳдати миллӣ бартараф шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ситодҳои Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, мувофиқатномаи ташкили давлати ваҳдати миллии Афғонистон фардо имзо мешавад.

Ҳоруни Наҷафизода, хабарнигори Би-би-сии Форсӣ, мегӯяд, ки ду тараф матни тавофуқномаеро танзим кардаанд, ки дар чаҳор сафҳа аст ва шомили ҷузъиёти тақсими қудрат ва чигунагии ташкили давлати ваҳдати миллӣ мешавад.

Ба гуфтаи хабарнигори мо, аъзои ситодҳои Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай мегӯянд, ки ихтилофоташон комилан ҳал шудааст ва ду тараф бар сари тақсими 50 ба 50-и қудрат дар қувваи муҷрия ва қувваи қазоия тавофуқ кардаанд.

Нахустин даври интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон фарвардинмоҳи имсол баргузор шуд ва дар пайи он ду номзад аз байни ҳашт номзади интихобот ба даври дувум рафтанд. Дувумин даври ин интихобот ҳам хурдодмоҳ баргузор шуд.

Қарор буд бо эъломи натиҷаи ниҳоии интихобот маросими таҳлифи раиси ҷумҳурии ҷадиди Афғонистон ҳудуди ду моҳ пеш баргузор шавад, аммо ихтилофот бар сари натоиҷи интихобот эъломи натиҷаро ба таъхир андохт.

Ситоди Абдуллоҳи Абдуллоҳ аслитарин муътариз ба эъломи натиҷаи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон будааст ва ду тараф бар сари ин мавзӯъ ихтилофоте ҷиддӣ доштаанд, вале ду узви ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба Би-би-сии Форсӣ гуфтаанд, ки дар ин замина ҳам пешрафти зиёде ҳосил шудааст.

Дар пайи миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид ва Омрико ду номзади интихобот тавофуқ кардаанд, ки бо поёни баррасиҳо ва эъломи натиҷаи ниҳоӣ давлати "ваҳдати миллӣ" ташкил диҳанд.

Дар моҳҳои гузашта чандин бор гузоришҳое аз тавофуқи ду тараф мунташир шуд, вале ба марҳилаи ниҳоӣ нарасид.

Ҳоруни Наҷафизода мегӯяд, ки то вақте ду номзади интихобот тавофуқномае имзо накардаанд, наметавон аз ниҳоӣ шудани тавофуқи ахир итминон ҳосил кард, вале ҳарду номзад дар ҳузури Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳур ва бисёре аз раҳбарони ҷиҳодӣ дар кохи риёсати ҷумҳурӣ дар Кобул гуфтаанд, ки бар сари ташкили давлати ваҳдати миллӣ ихтилофе надоранд.

Матолиби муртабит