Истиқболи Омрико, Бритониё ва Созмони Милал аз тавофуқи Аҳмадзай ва Абдуллоҳ

  • 21 Сентябр, 2014
Image copyright AP

Дафтари ҳайати намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон эълом кард, ки имзои мувофиқатномаи ташкили давлати миллӣ аз суи ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гоме дар ростои ҳаракати ин кишвар ба даврае аз саботи сиёсӣ аст.

Дар хабарномаи ин ниҳод омада, ки Ён Кубич, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар Афғонистон гуфта, ки адами саботи сиёсӣ дар моҳҳои гузаштаи таъсироте сангин бар иқтисод, амният ва ҳукуматдорӣ дар ин кишвар доштааст.

Ӯ афзуда, ки ин мувофиқатнома бояд фавран ба марҳалаи иҷро гузошта шавад ва Созмони Милал низи мутаъаҳҳид ба ҳимоят аз давлати Афғонистон боқӣ мемонад.

Кохи сафед низ дар хабарномае эълом кардааст, ки Омрико имзои мувофиқатномаи давлати ваҳдати миллӣ аз суи ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро таҳсин мекунад.

Дар хабарномаи Кохи сафед омадааст, ки имзои ин мувофиқатнома ниҳодҳои сиёсии Афғонистонро наздиктар ва итминон ба ояндаро тазмин мекунад.

Кохи сафед афзуда, ки омодааст бо ниҳодҳои идории Афғонистон барои муваффақияти бештари онон ҳамкорӣ кунад.

Ин ниҳод афзуда, ки расидан ба ин тавофуқ бо мушкилот мушорикат ва аз худгузарии ду номзад ҳамроҳ буд ва имзои ин тавофуқ эҳтиром ба раванди демукротик ва фурсати муҳим барои ваҳдат ва саботи Афғонистон аст.

Сафорати Бритониё дар Кобул низ бо интишори хабарномае аз тавофуқи ду номзад истиқбол карда ва онро "поёни билотаклифӣ" хондааст.

Дар хабарномаи сафорати Бритониё омадааст, ки ин тавофуқнома заминаро барои интиқоли сулҳомез ва демукротики қудрат дар Афғонистон фароҳам мекунад.

Дар бахше аз ин хабарнома омадааст: "Мо интизор дорем бо давлати ҷадиди Афғонистон кор намоем то мардуми Афғонистон аз ояндаи мураффаҳ ва сулҳомез, ки мустаҳақи он аст, бархурдор шаванд."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай имрӯз бо ҳузур дар арги раёсати ҷумҳурӣ матни як тавофуқномаи чаҳорсафҳаиро имзо карданд.

Ин мувофиқатнома пас аз ҳафтаҳо музокира ва ҷанҷол саранҷом бо миёнҷигарии Омрико, Созмони Милали Муттаҳид, Ҳомид Карзай ва шуморе аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон шаби гузашта ниҳоӣ шуд ва имрӯз ба имзо расид.

Бар асоси ин мувофиқатнома ҳарду ситоди интихоботӣ давлати ваҳдати миллӣ ташкил хоҳанд дод ва қудрат ба сурати мусовӣ тақсим хоҳад шуд.

Матолиби муртабит