Инфиҷори бумб дар наздикии вазорати хориҷаи Миср

  • 21 Сентябр, 2014
Image copyright epa
Image caption Ахбори зиду нақизе аз шумори куштаҳо ироа шудааст

Мақомоти амниятӣ дар Миср аз инфиҷори бумбе дар наздикии сохтмони вазорати умури хориҷаи он кишвар дар Қоҳира, пойтахт хабар додаанд.

Гузоришҳо дарёфтӣ аз кушта шудани дастикам як нафар дар ҷараёни ин инфиҷор ҳикоят дорад.

Гуфта шуда, шуда ки ин инфиҷор дар яке аз хиёбонҳои шулуғ дар наздикии рӯди Нил иттифоқ афтодааст.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар соли 2013 мелодӣ пайкорҷӯёни исломгаро бар ҳамалоти худ алайҳи нерӯҳои амниятии он кишвар афзудаанд.

Ин хушунатҳо, ки дар ибтидо аксаран нерӯҳои пулис ва артишро дар шибҳҷазираи Сино ҳадаф қарор дода буд, ахиран ба сойири манотиқи Миср, аз ҷумла пойтахт кашида шудааст.

Пайкорҷӯён мегӯянд, ки ин ҳамалотро ба талофии куштори садҳо пайкорҷӯ ва дастгирии ҳазорон нафар дар ҷараёни саркӯби Ихвонулмуслимин анҷом медиҳанд.

Матолиби муртабит