Буҳрони Укройн: Баргузории роҳпаймоии зидди ҷанг дар Маскав

  • 21 Сентябр, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Иштироккунандагони роҳпаймоии зидди ҷанг парчамҳои Русия ва Укройнро ҳамл мекарданд

Даҳҳо ҳазор нафар дар эътироз ба дахолати Русия дар буҳрони Укройн дар Маскав, пойтахт роҳпаймоӣ кардаанд.

Онҳо шиъор медоданд "Нест бод ҷанг", "Дурӯгӯиро бас кунед". Роҳпаймоиҳои мушобеҳе дар шаҳрҳои Сант Питерзбург ва шаҳрҳои дигари Русия баргузор шудааст.

Укройн Русияро муттаҳам мекунад, ки шӯришиёнро дар шарқи ин кишвар мусаллаҳ мекунад ва ба ин минтақа нерӯ мефиристад. Русия ин иттиҳомотро рад кардааст.

Пас аз оғози даргириҳо дар моҳи апрел дар Укройн беш аз 3000 нафар кушта шудаанд.

5 сентябр тавофуқномаи оташбас имзо шуд, аммо ин тавофуқнома мукарраран нақз шудааст.

Даргириҳо пас аз илҳоқи минтақаи Киримеи Укройн ба Русия дар моҳи март оғоз шуд. Укройн ва Ғарб ин иқдомро маҳкум кардаанд.

Тазоҳуркунандагон, ки парчамҳои Русия ва Укройнро ҳамл мекарданд аз майдони Пушкин ба хиёбони Сахаров дар маркази Маскав ҳаракат кардаанд.

Масъулони баргузории ин ҳамоиш умедвор буданд, ки дар ин тазоҳурот 50 ҳазор нафар ширкат ва он чиро, ки онҳо "сиёсати хориҷии пархошҷӯёнаи" Русия мехонанд, маҳкум мекунанд.

Пулис тадобири шадид амниятиро рӯйи даст гирифта, аммо гузорише аз вуҷуди хушунат мунташир нашудааст.

Ин нахустин роҳпаймоии асосии зидиҷангӣ пас аз оғози бурузи даргириҳо дар вилоёти шарқии Дунетск ва Луҳонск дар панҷ моҳи пеш аст.

Шуморе аз тарафдорони ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Укройн низ дар Маскав роҳпаймоии дигареро баргузор кардаанд.

Матолиби муртабит