“Рӯзҳои Сулҳ” дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон

  • 22 Сентябр, 2014
Тоҷикистон, Қирғизистон Image copyright BBC World Service
Image caption Марзи миёни Тоҷикистону Исфара тӯли бист соли ахир "ноором" боқӣ мемонад

Дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки дар ним соли ахир танишҳо дар ин манотиқ ба бурузи ихтилофоти миёни ду кишвар мунҷар шудааст, маросими мавсум ба "Рӯзҳои Сулҳ" оғоз шудаанд.

Дар "Рӯзҳои Сулҳ" қарор аст, дар 22 мадориси манотиқи ҳамҷавор озмунҳо барои донистани таъриху фарҳанги ҳамдигар, мулоқот бо афроди саршинос ва даъвати онҳо ба ҳамгироӣ баргузор шаванд.

Ҳамзамон, дар ин рӯзҳо, ки тӯли як ҳафта идома хоҳад дошт, шогирдони мадорис аз таҷрубаи ҳамгироии авлодони худ ва биниши ҳаёти осоиштаи худ бо ҳамдигар вориди музокирот шаванд.

Аз дафтари Анҷумани созмонҳои ғайридавлатии “Водии Сулҳ”, ки ба он 14 созмони ғайридавлатии Тоҷикистону Қирғизистон шомил ҳастанд, хабар доданд, ки ҳанӯз қабл аз оғози ин Рӯзҳо, афроди огоҳ ба ин созмон муроҷиъа карда ва хидмати худро ба расидан ба аҳдофи ин маросим иброз доштаанд.

Ба гуфтаи онҳо, мардум аз вуҷуди ихтилофот дар манотиқи ҳаммарз нигарон ҳастанд ва хостори ҳалли сареъи ин мушкилот мебошанд.

Тӯли ин рӯзҳо шабакаи родиюии “Салом” аз Қирғизистон ва шабакаи телевизиюнии “СМ-1” аз Тоҷикистон барномаҳоеро дар заминаи ҳамгироӣ ва зиндагии осоишта пахш хоҳанд кард.

Зимнан, дар зимистони соли ҷорӣ вазъи минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ шуд. Дар пайи оғози эҳдоси роҳи утумубилгарди Қирғизистон дар ин минтақа сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон эътироз карданд.

Дар пайи чанд даргирӣ теъдоде аз марзбонон ва сокинони маҳаллӣ аз ҳар ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд.

Давлати Тоҷикистон ва Қирғизистон пайваста барои ҳалли ин мушкил талош карда ва аз авоили соли ҷорӣ мулоқоти мукаррари муъовинони нахуствазирҳои ҳар ду кишвар баргузор шуданд.

Ахиран, мавзӯъи мушкилоти марзӣ дар дидор ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев, руасои ҷамоҳири Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе низ матраҳ шуд.

Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки масири роҳҳои мошингард дар ин манотиқ бояд дуртар аз рустоҳои ҳар ду кишвар убур карда ва барои зиндагии сокинони маҳаллӣ мушкил эҷод накунанд.

Ҳамзамон, мақомоти ҳар ду кишвар талош мекунанд, ки дар миёни сокинони манотиқи ҳамҷавор умури таблиғотӣ барои зиндагии осударо таблиғ кунанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки баргузории "Рӯзҳои Сулҳ" барои истиқрори субот ва ҳамгироӣ дар ин минтақа мусоъидат хоҳад кард.

Бавижа, ки рӯзи гузаштаи 22-уми сентябр дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи Сулҳ таҷлид шуд. Ва бад ин манзур барои анҷоми аҳдофи "Рӯзҳои Сулҳ" дар минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон 22 мадраса интихоб шудаанд.

Матолиби муртабит