Сухангӯи Доъиш хоҳони куштани шаҳрвандони кишварҳои эътилоф шуд

  • 22 Сентябр, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Шибҳинизомиёни Доъиш дар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия эъломи ташкили "хилофати исломӣ" кардаанд

Сухангӯи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ дар аввалин паёми савтиаш аз замони оғози ҳамалоти ҳавоии Омрико ва Фаронса ба мавозеъи ин гурӯҳ дар Ироқ, аз мусалмонон хоста то шаҳрвандони кишварҳои ҳозир дар эътилофи алайҳи Доъишро бикушанд.

Абӯмуҳаммад Аднонӣ дар нутқе, ки дар яке аз сойтҳои вобаста ба Доъиш мунташир шуда, ба Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ҳушдор дода, ки Доъиш пойи омрикоиҳоро ба ҷанги заминӣ боз хоҳад кард ва боъиси "марг ва нобудии" онҳо хоҳад шуд.

Ӯ аз талошҳои Омрико барои ташкили эътилоф алайҳи шибҳнизомиёни Давлати исломӣ ба унвони "охирин корзори салибиюн" ёд кардааст.

Омрико талош мекунад доманаи кишварҳои ҳозир дар эътилофи алайҳи Доъишро афзоиш диҳад.

"Давраи тоза"

Абӯмуҳаммад Аднонӣ ба Омрико, Устролиё, Конодо ва кишварҳои урупоӣ ишора карда ва ба таври хосс аз Фаронса ном бурда, ки ҳафтаи гузашта ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъи Доъиш дар Ироқро оғоз кард.

Ӯ дар суханони худ хоҳони куштани шаҳрвандони "кофири" кишварҳои эътилоф "чӣ низомӣ ва чӣ ғайринизомӣ" шудааст.

То кунун даҳҳо кишвар омодагии худро барои ҳузур дар эътилоф алайҳи шибҳинизомиёни Давлати исломӣ эълом кардаанд.

Гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш) бахшҳое аз Ироқ ва Сурияро ишғол ва дар он эъломи "хилофати исломӣ" кардааст.

Абӯмуҳаммад Аднонӣ, сухангӯи Доъиш дар паёмаш аз оғози "даври тозае" суҳбат карда, ки "сарбоз ва писарони Давлати исломӣ раҳбарони он хоҳанд буд, на бардагони он".

Ӯ ҳамчунин аз шибҳнизомиёне, ки дар саҳрои Сино алайҳи давлати Миср мубориза мекунанд, тақдир карда ва аз онҳо хоста касонеро, ки барои Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср меҷанганд, "сар бибуранд".

Матолиби муртабит