Тамрини муштараки новҳои Чин ва Эрон дар халиҷи Форс

  • 22 Сентябр, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Нерӯи дарёии Эрон дар солҳои гузашта борҳо тамрини низомӣ дар халиҷи Форс анҷом дода, аммо ин аввалин бор аст, ки бо нерӯи дарёии Чин тамрини муштарак мекунад

Ду нови чинӣ "барои анҷоми амалиёти тамрине муштарак бо нерӯҳои дарёии Эрон" дар соҳили Бандари Аббос дар халиҷи Форс паҳлӯ гирифтаанд.

Ба гузориши расонаҳои Эрон, қарор аст нерӯи дарёии Чин ва Эрон дар поёни амалиёти тамринии муштарак, аз ҷумла тамрини имдод ва наҷот дошта бошанд.

Новшикани Чонг Чун ва нови ҳамроҳи он аз новгони ҳафтдаҳуми неӯи дарёии Чин, ки авохири рӯзи шанбе дар Бандари Аббос паҳлӯ гирифтаанд, чаҳор рӯз дар савоҳили халиҷи Форс хоҳанд монд.

Ҳусейн Озод, раиси ситоди минтақаи якуми нерӯи дарёии артиш гуфтааст: "Интиқоли таҷоруби низомӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ аз аҳдоф ва барномаҳои пешбинишуда барои ин новгурӯҳ аст."

Хабаргузории "Тасним" мегӯяд ин аввалин бор аст, ки нови гурӯҳи Чин дар савоҳили Бандари Аббос паҳлӯ мегирад.

Ҳар ду кишвар, ки муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодии густардае доранд, дар амалиёти зиддидуздони дарёӣ дар халиҷи Адан мушорикат мекунанд.

Хабаргузории Форс ба нақл аз равобити умумии нерӯи дарёии артиши Эрон навишта субҳи рӯзи 18 сентябр/26 шаҳривар нови гурӯҳи сиву якуми ин нерӯҳо як киштии контейнербари чиниро аз ҳамлаи дуздони дарёӣ наҷот додааст.

Ба гуфтаи артиши Эрон ин дувумин амалиёти нерӯи дарёӣ барои наҷоти киштиҳои чинӣ аз таъқибу гурези дуздони дарёӣии халиҷи Адан будааст. Бар асоси ин гузориш, дар соли 1391\2012 ҳам амалиёте дигар Эрон ба киштиҳои чинӣ барои фирор аз ҳамлаи дуздони дарёӣ кумак кард.

Матолиби муртабит