Ҳамлаи ҳавоии Омрико ва аъроб алайҳи Доъиш дар Сурия

  • 23 Сентябр, 2014
Image copyright AP
Image caption Шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ пойгоҳҳои аслии худро дар Сурия мустақар кардаанд

Пентогун, вазорати дифоъи Омрико, мегӯяд нахустин ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи мавозеъи гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ дар Сурия анҷом шудааст.

Женерол Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи Пентогун, шомгоҳи душанбе (22 сентябр) бо интишори иттилоъияе аз ин ҳамлаи ҳавоӣ хабар дод ва эълом кард дар ин ҳамла аз ҷетҳои бумбафкан ва мушакҳои Томҳовк (Круз) истифода шудааст.

Оқои Кирбӣ бидуни зикри ҷузъиёт гуфта: "Омрико ба ҳамроҳи муттаҳидонаш ба мавозеъи Давлати Исломӣ дар Сурия ҳамла карданд."

Асомии кишварҳои мушорикаткунанда дар ин ҳамлаи ҳавоӣ ҳанӯз расман эълом нашуда, аммо ҳузури ҷангандаҳои чанд кишвари арабӣ ҳам дар ин амалиёт таъйид шудааст.

Бо вуҷуди ин гузоришҳо аз мушорикати Арабистони Саъудӣ, Урдун, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳатто Қатар дар ин ҳамалоти ҳавоӣ хабар додаанд ҳарчанд ҳанӯз ахбори расмӣ дар ин бора мунташир нашудааст.

Он тавр, ки гузориш шудааст ин ҳамалоти ҳавоӣ бисёр густарда буда ва нуқоти мутаъаддиде дар хоки ин кишварро ҳадаф қарор додааст ва барои соъоте идома доштааст.

Шаҳри Раққаи Сурия яке аз манотиқест, ки гузориш шуда дар ин ҳамалоти ҳавоӣ мавриди ҳадафи ҷангандаҳо ва мушакҳои Круз қарор гирифтааст.

Чанд рӯз пеш кишварҳои араб ва суннинишини ҳошияи халиҷи Форс дар Арабистони Саъудӣ ва бо ҳузури Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ба эътилоф алайҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ пайвастанд.

Ин ҳамла наухстин иқдоми низомии Омрико дар Сурия пас аз суханони Борок Убомо буд, ки эълом кард барои муқобила ва нобудии гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ (Доъиши собиқ) иқдом хоҳад кард.

Пентогун ҷузъиёти ин ҳамларо ба далоили низомӣ эълом накардааст, аммо гузоришгарон мегӯянд ин ҳамла, ки бо истифода аз чандин ҷети ҷанганда ва бо мушорикати чанд кишвари мушорикаткунанда дар эътилофи зидди Доъиш шакл гирифта, дар миқёсе васеъ будааст.

Аз он ҷо ки манотиқи таҳти тасарруфи гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия шомили манотиқи маскунӣ ҳам мешавад, интизор меравад дар ҷараёни ин ҳамалот ғайринизомиёни сурӣ ҳам осеб дида бошанд.

Омрико то ба имрӯз ҳудуди 190 ҳамлаи ҳавоӣ дар Ироқ алайҳи мавозеъи Давлати Исломӣ анҷом додааст, аммо ин ҳамла нахустин аз навъи худ дар хоки Сурия аст.

Ҳарчанд пас аз пешравии шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ б хоки Ироқ, марзҳои миёни Сурия ва Ироқ дар манотиқи таҳти кунтрули Доъиш махдуш шудааст.

Гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ, ки ҳамакнун бахшҳои васеъе аз Сурия ва Ироқро дар тасарруфи худ дорад, дар ин манотиқ аз ташкили як хилофати исломӣ хабар додааст.

Кубонӣ саҳнаи набарди шадиди курдҳо бо Доъиш

Ҳамзамони нерӯҳои курд, ки аз шаҳри Кубонӣ дар наздикии марзи Сурия ва Туркия дифоъ мекунанд, мегӯянд нерӯҳои мавсум ба Давлати Ислмоӣ барои ҳамла алайҳи онҳо аз фосилаи 10-15-килуметрӣ аз мушакҳои дурбурд истифода мекунанд.

Уҷелон Ойсу, муъовини фармондеҳи нерӯҳои курд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазифаи мардони ҷангҷӯйи ӯ бисёр сангин буд, чаро ки онҳо бояд қабл аз омадан ба хатти муқаддами ҷанг аввал хонаводаҳои худро ба нуқоти амн, ба Туркия мебурданд.

Ӯ гуфт нерӯҳои ӯ тавонистаанд чандин русторо аз нерӯҳои Давлати Исломӣ пас бигиранд, вале шароит дар минтақаи ҷангӣ бисёр ҳод аст.

Шароити ҷангӣ дар атрофи шаҳри Кубонӣ ва эҳтимоли қарибулвуқӯъи тасарруфи он шаҳр тавассути Давлати Исломӣ боъиси як мавҷи бузурги фирор аз он минтақа ба тарафи марзи Туркия шудааст.

Ҳамзамон муъовини нахуствазири Туркия ҳушдор дода, ки ин кишвар дар ҳоли талош барои ғалаба бар як фоҷиъаи инсонӣ аст, ки дар асари пешравии нерӯҳои Давлати Исломӣ ва фирори оворагони курд бо он мувоҷеҳ шудааст.

Оворагони курди Сурия аз рӯзи панҷшанбеи ҳфтаи гузашта пушти марзҳои Туркия таҷаммуъ карданд, то дар ниҳоят Туркия рӯзи ҷумъа 30 килуметр марз бо Сурияро боз кард.

Баъд аз убури ҳудуди 130 ҳазор курд аз марз дар се рӯзи гузашта Туркия имрӯз бештари нуқоти марзӣ бо Сурияро баст.

Созмони Милал мегӯяд ин бештарин шумори оворагоне аст, ки дар як муддати замонии кӯтоҳ аз шурӯъи даргириҳои Сурия дар се соли пеш, аз ин кишвар гурехтаанд.

Матолиби муртабит