Ҳасани Рӯҳонӣ ва Девид Комерун дидор мекунанд

  • 23 Сентябр, 2014
Image copyright na
Image caption Ин нахустин дидор миёни олирутбатарин мақомҳои иҷроии ду кишвар пас аз Инқилоби Исломӣ аст

Барои нахустин бор пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, болотарин мақомҳои иҷроии Эрон ва Бритониё дидор мекунанд.

Баҳмани Калбосӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Ню-Йурк, мегӯяд асри имрӯз як манбаъи диплумоти бритониёӣ ӯро аз ин дидор, ки қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар Ню-Йурк баргузор шавад, муталеъ кардааст.

Ҳамзамон расонаҳои бритониёӣ гузориш кардаанд дар ин дидор ду тараф дар бораи ҳамкорӣ дар набард бо "Доъиш" гуфтугӯ хоҳанд кард.

Вебсойти Тоймзи Бритониё ангезаи оқои Комерун аз ин дидорро фароҳам кардани "тазмини бештар" барои шаклдиҳии эътилофе фарогир дар набард бо гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ унвон кардааст.

Нашрияи Индипендент ҳам ба нақл аз як манбаъ дар дафтари нахуствазири Бритониё навишта, ки дидори оқои Комерун бо раиси ҷумҳурии Эрон ба маънои тағйири нигариши кишвараш дар баробари барномаи ҳастаии Эрон нест ва ин дидор бо ҳадафи ҳар чи густарда ва қавитар кардани эътилофи шаклгирифта барои мубориза бо гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ аст, ки дар моҳҳои гузашта бахшҳои васеъе аз Сурия ва Ироқро тасарруф кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ки барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Омрико сафар кардааст, асри рӯзи душанбе вориди Ню-Йурк шуд.

Оқои Рӯҳонӣ бар асоси барномаи мунташиршуда тавассути Созмони Милали Муттаҳид, дувумин суханрони нишасти субҳгоҳии рӯзи панҷшанбе (25 сентябр) хоҳад буд.

Ин дувумин ҳузури оқои Рӯҳонӣ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аст.

Ӯ соли гузашта ҳам дар ин маҷмаъ суханронӣ кард ва дар поёни сафараш гуфтугӯйи телефунӣ миёнӣ ӯ ва Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, анҷом шуд, ки дар таърихи 36-солаи Ҷумҳурии Исломӣ бесобиқа буд.

Матолиби муртабит