Мавозеъи Давлати исломӣ дар устони Ҳалаб дар Сурия бумборон шуд

  • 24 Сентябр, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Марокизи таҷаммуъи нерӯҳои Доъиш дар Ироқ ва Сурия бумборон шудааст

Нерӯҳои Давлати исломӣ дар шимоли Сурия ба шиддат бумборон шудаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 2 меҳр (24 сентябр) бумбафканҳои мутаъаллиқ ба эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Омрико бо ҳамла ба мавозеъи нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломӣ - Доъиш - дар ғарби шаҳри Кубонӣ, ин мавозеъро башиддат бумборон карданд. Мушаххас нест, ки ин ҳавопаймоҳо мутаъаллиқ ба кадом кишвари узви эътилоф будаанд.

Шаҳри Кубонӣ дар шимоли устони Ҳалаб дар Сурия воқеъ шуда ва сокинони онро курдҳо, аъроб ва туркмонҳо ташкил медиҳанд. Дар рӯзҳои ахир ин шаҳр дар маърази ҳамлаи нерӯҳои Давлати исломӣ қарор дошта ва ин минтақа шоҳиди даргирии байни онон ва нерӯҳои курд будааст.

Ин даргирӣ ва эҳтимол ишғоли шаҳри Кубонӣ тавассути нафароти Давлати исломӣ боъис шудааст чанд даҳ ҳазор тан аз сокинони минтақа аз маҳали сукунати худ бигурезанд ва ҳазорон тан аз онон вориди Туркия шудаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки бо оғози ҳамалоти ҳавоии эътилофи алайҳи нерӯҳои Давлати исломӣ шуморе аз ин оворагон нисбат ба амнияти худ итминони лозим ёфта ва дар садади бозгашт ба маҳали сукунати худ ҳастанд.

Сухангӯи артиши Ироқ гуфтааст ҳавопаймоҳои эътилоф ҳадафҳоро дар ду суи марзи ин кишвар ва Сурия бумборон кардаанд, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёде аз нафароти Давлати исломӣ кушта шудаанд ва чанд анбори муҳимоти онон мунҳадим шудааст.

Image copyright Reuters
Image caption Пешравии нерӯҳои Давлати исломӣ ба суи Кубонӣ ҳазорон нафарро овора кардааст

Рӯзи чаҳоршанбе Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия гуфт, ки эҳтимол дорад ин кишвар тасмим бигирад аз эътилофи алайҳи Давлати исломӣ "ҳимояти низомӣ" ба амал оварад.

Дар айни ҳол ба нақл аз мақомоти Туркия гузориш шудааст, ки ҳавопаймоҳои эътилоф дар ҳамалоти ахир алайҳи мавозеъи Давлати исломӣ дар Сурия аз пойгоҳҳо ва ҳарими ҳавоии ин кишвар истифода накардаанд.

Ҳамзамон хабаргузории Фаронса ба нақл аз манобеъе дар иқлими Курдистони Ироқ гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои эътилоф манотиқи таҳти ишғоли нафароти Давлати исломӣ дар дохили хоки Ироқро ҳам бумборон карда ва шуморе аз ононро куштаанд.

Дар ҳамалоти ҳавоии ахир алайҳи нафароти Давлати исломӣ дар Сурия ҳавопаймоҳои низомии Омрико ва теъдоде аз кишварҳои араби минтақа ширкат доштаанд. Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир беш аз панҷоҳ кишвари ҷаҳон омодагии худро барои ҳимоят аз мубориза алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ эълом доштаанд. Илова бар чанд кишвари минтақа Фаронса низ то кунун ба таври мустақим дар амалиёти ҳавоӣ дар дохили хоки Ироқ ширкат карда, аммо ҳануз омодагии худро барои мавриди мушорикат дар ҳамла ба мавозеъи Давлати исломӣ дар Сурия эълом надоштааст.

Image copyright EPA
Image caption Ҳавопаймоҳои таробарии артиши Ҳулланд дар амалиёти пуштибонӣ аз эътилоф ширкат доштанд

Рӯзи чаҳоршанбе расонаҳои Ҳулланд гузориш карданд, ки кобинаи ин кишвар тарҳи эъзоми теъдоде ҳавопаймоҳои низомӣ аз навъи F-16 барои ширкат дар амалиёт алайҳи Давлати исломиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва эҳтимол дорад ин тарҳро тасвиб кунад.

Ҳафтаи гузаштаи нахуствазири Ҳулланд гуфт, ки ширкати артиши ин кишвар дар ҳамлаи ҳавоӣ ба нерӯҳои Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия бидуни мусаввабаи Шурои Амнияти Созмони Милал мумкин аст "бо ишколоти ҳуқуқӣ" мувоҷеҳ бошад. Ҳамкории Ҳулланд бо эътилофи байналмилалӣ то кунун мунҳасир ба қарор додани чанд фарванд ҳавопаймои таробарӣ ҷиҳати ҳамли муҳимот будааст.

Илова бар Фаронса, давлати Бритониё низ ба таври комил аз иқдоми низомӣ алайҳи исломгароёни тундрав ҳимоят карда ва эҳтимол дорад порлумони ин кишвар тайи чанд рӯзи оянда мавзуъи мушорикати нерӯи ҳавоии ин кишвар дар амалиёти низомии эътилофи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор диҳад, ҳарчанд тасмим ба анҷоми амалиёти ҳавоӣ ба эҳтимоли зиёд шомили мавозеъи Доъиш дар Сурия нахоҳад шуд.

Амалиёти ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои Давлати исломӣ дар Ироқ ба даъват ва бо мувофиқати давлати марказии ин кишвар ва давлати иқлими худгардони Курдистони Ироқ анҷом мешавад, аммо дар мавриди Сурия чунин мувофиқате ба даст наёмада ва расман эълом нашудааст. Мақомоти Русия ва Эрон, ки муттаҳидони аслии ҳукумати Башор Асад ҳастанд, гуфтаанд, ки бидуни мувофиқати давлати Сурия ё касби муҷаввизи Шурои Амният анҷоми амалиёти низомӣ дар хоки ин кишвар бо мавозини ҳуқуқи байналмиллал мунофот дорад.

Мақомоти омрикоӣ то кунун ҳар гуна ҳамкорӣ бо давлати Башор Асадро рад кардаанд, ҳарчанд пеш аз ҳамалоти ҳавоии ахир анҷоми ин амалиётро ба огоҳии давлати Сурия расонданд.

Матолиби муртабит