'Эбуло ҷони ду севуми мубталоёнро мегирад'

  • 24 Сентябр, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Созмони Милал ҳушдор дода агар иқдоми муассире барои маҳори эбуло сурат нагирад, "фоҷеъае инсонӣ" дар пеш аст

Гузориши ҷадиди Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегӯяд дар ғарби Офриқо вируси эбуло ҷони 70 дарсад, яъне беш аз ду севум аз мубталоёнро гирифтааст. Пештар гузориш шуда буд, ки ин нарх 50 дарсад аст.

Ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки агар талошҳо барои маҳори шиюъи уфунати ношӣ аз вируси эбуло тақвият нашавад, то ду моҳи дигар омори мубталоён ба он метавонад се баробар шавад ва ба 20 ҳазор нафар бирасад.

Омрико баровурд меркунад, ки дар бадтарин ҳолат баъид нест то чаҳор моҳи дигар мавориди ибтило ба эбуло дар ду кишвари офриқоӣ ба як милюну чаҳорсад ҳазор нафар бирасад.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд ин баровурдҳои Омрико бадбинона аст.

Бештарин шуюъи эбуло то кунун умдатан дар Гине, Либериё, ва Сиролеун будааст. Дар ин се кишвари ғарби қораи Офриқо ин вирус то кунун ҷони 2800 нафарро гирифтааст.

Ин уфунат ба домони Синегол ва Ниҷерия ҳам уфтод, вале Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегӯяд шуюъи он дар ин ду кишвар "тақрибан маҳор шудааст."

Пажӯҳишгарон ҳушдор додаанд, ки барои маҳори густариши тасоъудии ибтило ба эбуло як иқдоми оҷил лозим аст.

Ба навиштаи Ҳелен Брейҷз, дабири саломати вебсойти Би-би-сӣ, ин тавр, ки аз баровурдҳои тоза метавон пешбинӣ кард, мавориди ибтило ба эбуло дар се кишвари аслии дучори ин вирус метавонад ба таври чашмгире афзоиш пайдо кунад

Истифода аз доруҳои озмоишӣ, шояд ду моҳи дигар

Дар ин гирудор созмони хайрияи "Велком" эълом кардааст, ки барои нахустин бор аз доруҳои озмоишии дармони ибтило ба эбудо дар кишварҳои ғарби Офриқо истифода хоҳад шуд.

Ин доруҳо аз ҷумла шомили zMapp аст, ки пештар ба чанд нафар аз имдодрасонҳои мубталошуда ба эбуло дода шуда буд.

Дуктур Питер Ҳорбӣ аз маркази дармони бемориҳои гармсайрӣ ва беҳдошти ҷаҳонӣ дар донишгоҳи Оксфурд мегӯяд аввалин истифодаи озмоишӣ аз ин доруҳо дар ғарби Офриқо шояд ду моҳи дигар, дар ноябр оғоз шавад.

Ҳафтаи гузашта Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, шиюъи вируси эбулоро дар ғарби Офриқо "таҳдиде барои сулҳу амнияти байналмилалӣ" эълом кард.

Ин шӯро дар қатъномае ба тавофуқи оро аз давлатҳо хост манобеъи бештаре барои мубориза бо шиюъи ин беморӣ ихтисос диҳанд.

Нишасти изтирории ин шӯро ба дархости дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва пас аз он баргузор шуд, ки шумори мубталоён ба вируси эбуло ҳар се ҳафта як бор ду баробар шуд.

Матолиби муртабит