Рӯҳонӣ: Дар сурати таъмини ҳуқуқи Эрон, омодаи тавофуқи ҳастаӣ ҳастем

  • 24 Сентябр, 2014
Image copyright ISNA
Image caption Рӯҳонӣ аз Бон хостааст "ба вазоифи худ" барои ба натиҷа расидани музокироти атумӣ амал кунад

Раиси ҷумҳурии Эрон аз омодагии кишвараш барои тавофуқи ҳастаӣ сухан гуфта ва дар дидор бо раҳбарони чанд кишвари дигар, дидгоҳи худ дар мавриди парвандаи ҳастаии Эрон, равобити дуҷониба ва масоили байналмилалиро ташреҳ кардааст.

Ба гузориши расонаҳои хабарии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, ки барои ширкат дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ ба Ню-Йурк сафар карда, дар мулоқот бо дабири кулли созмон дар мавриди парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ гуфта, давлати Эрон ба муқаррароти байналмилалӣ ва муъоҳидоти Ожонси Энержӣ эҳтиром мегузорад ва афзудааст: "Дар сурате, ки ҳуқуқи миллати Эрон хадшадор нашавад, омодаи тавофуқ ҳастем."

Оқои Рӯҳонӣ дар ин дидор таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро муассир надониста ва гуфтааст: "Гоҳе фикр мекунанд бо фишор алайҳи Эрон мо пойи мизи музокира омадаем, аммо ин хатои бузурге аст, зеро Эрон бо иродаи ҷиддӣ ва ба хотири таъмини манофеъи худ ва дигарон вориди музокира шуд."

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт умедвор аст дабири кулли Созмони Милал "ба вазоифи худ барои расидани фурсате, ки мунҷар ба тавофуқи бурд-бурд мешавад, амал кунад"

Раиси ҷумҳурии Эрон дар ин дидор авзоъи кунунии Ироқ ва Сурияро низ матраҳ кард ва зуҳури Доъишро ҳосили эътирозоти сиёсӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия донист. Вай гуфт: "Мушкилоти имрӯзи Ироқ ва Сурия аз масоиле, ки се сол пеш дар Сурия оғоз шуд, нишот мегирад ва агар дар ҳамон марҳила , сарчашмаи фаъъолияти ин гурӯҳи хиёнаткор хушк мешуд, имрӯз шоҳиди ин фоҷеъаҳо набудем." Вай гуфт, ки "мутаассифона дар он замон бархе кишварҳо тасаввур мекарданд бо ҳимоят аз ин гурӯҳҳо метавонанд давлатеро, ки намеписанданд, сарнагун кунанд."

Image copyright president.ir
Image caption Улонд умедвор аст пас аз ҳаллу фасли масъалаи ҳастаӣ равобити Фаронса ва Эрон густариш ёбад

Аз замони оғози эътирозоти сиёсӣ дар Сурия оғози даргирӣ байни артиш ва мухолифони мусаллаҳ, давлати он кишвар ва мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ тамомии муътаризон ва мухолифони ҳукумати Сурияро "терурист" тавсиф кардаанд. Гуфта мешавад идомаи ҷанг байни артиши Сурия ва мухолифони мусаллаҳе, ки аз ҳимояти сиёсии Ғарб бархӯрдор буданд, заминаи мусоъидеро барои нуфуз ва қудрат гирифтани Доъиш фароҳам кард.

Матолиби муртабит