Кушта шудани се нафар дар сонеҳае дар Хатлон

  • 13 Октябр, 2014

Пулис аз кушта шудани се нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар асари сонеҳае дар ин шаҳр хабар додаст.

Сойти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ки муқассири ин сонеҳа шаҳрванди Чин будааст, ки аз ӯҳдаи идораи комюне баромада натавонистааст.

Тибқи иттилоъи пулис, Амидҷон Муҳаммад, сокини шаҳри Қашғари Чин, ронандаи як комюни борбарӣ кунтрули ин мошинро аз даст дода ва ба мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ саросер шуд ва чаҳор нафар аз сокинони ин шаҳр, ки дар дохили дӯкон будаанд, зери ин комюн мондаанд.

Дар натиҷаи ин воқеъи се нафар ҷонҳои худро аз даст дода ва Зокир Давлатов, яке аз онҳо бо ҷароҳоти сангин ба бемористон мунтақил ёфт. Худи ронанда низ дар ин сонеҳа захмӣ шуда ва ҳоло дар бемористон бистарӣ аст.

Пулис менависад, ки қабл аз сарозер шудани комюн ба дӯкон, мошин бо се худрави дигар, ки дар канори роҳ истода буданд, бархӯрд кардааст.