Марги як сокини Душанбе дар тасодум бо худрави писари Исмоъил Талбаков

  • 14 Октябр, 2014
тасодум
Image caption Тасодуфи роҳ бо ширкати писари Исмоъил Талбаков шоми рӯзи гузашта рух додааст

Дар як тасодуфи роҳ бо ширкати Сорбон Талбаков, писари Исмоъил Талбаков, муъовини раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ва узви порлумон, як нафар ҷон додааст.

Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сонеҳа шоми рӯзи гузашта дар маҳаллаи мавсум ба “Автовокзал” рух дода ва худрави оқои Талбаков ба Ҷамол Ғуломов, 46-сола, бархӯрдааст. Дар пайи ин бархӯрд оқои Ғуломов дар бемористон ҷони худро аз даст додааст.

Исмоъил Талбаков рӯзи сешанбеи 14-уми октябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ӯ дар маросими ташйиъи ҷанозаи Ҷамол Ғуломов ширкат дорад.

Вай афзуд: "Писарам аз кор ба хона бармегашт ва дар наздикии истгоҳи “Автовокзал” анбӯҳи зиёди худравҳо ва минибусҳо буданд. Ҷамол Ғуломов, ки зоҳиран маълул буда ва бо асо ҳаракат мекардааст, аз пеши минибусҳо баромада, бо мошини писарам бархӯрд мекунад. Писарам ӯро зуд ба бемористон бурда ва барои мудовои вай ҳамаи доруро фароҳам кардааст, вале вай дар ниҳоят даргузашт."

Оқои Талбаков ҳамчунин гуфт: "Ман худам шом аз ин ҳодиса огоҳ шуда ва ба бемористон омадам ва ба пайвандони Ҷамол Ғуломов изҳори таслият кардам. Суръати ҳаракати мошини писарам тез набудааст, вале оқои Ҷамолов ба рӯйи панҷараи мошини писарам бармехурад ва дар ниҳоят ҷони худро аз даст дод."

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Талбаков, пайвандони Ҷмол Ғуломов ба ниҳодҳои интизомӣ ва ё додситонӣ аз амали писараш ҳанӯз шикоят накардаанд. Ба ин далел, эҳтимол меравад, ки дар сурати адами даъвои пайвандон ин ҳодиса ба сурати мусолиматомез ҳалли худро пайдо кунад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Исмоъил Талбаков дар гузашта номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон буд

Исмоъил Талбаков аз сиёсатмадорони саршиноси Тоҷикистон аст, ки соли гузашта номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар кишвар буд. Гузашта аз ин, вай муъовинати раҳбари яке аз аҳзоби умдаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Зимнан, пулиси Тоҷикистон таҳқиқи ин ҳодисаро идома медиҳад ва ҳанӯз муқассир будани Сорбон Талбаков дар ин тасодуф рӯшан нест. Вале Исмоъил Талбаков мегӯяд, ки пиёдаравҳо низ бояд зимни ҳаракат дар роҳ мувозиби худ бошанд.

Ин дар ҳолест, ки дар як соли ахир чанд мавриди тасодуфи роҳ бо ширкати фарзандони афроди саршинос ва мақомоти аршади давлатӣ расонаӣ шудааст. Ахиран худрави Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоъили Сомонӣ, субҳи зуд ба зане бархӯрд, ки машғули рӯбучини хиёбон буд.

Ин зан, ки 54 сол ва чаҳор фарзанд дошт, дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дод.

Қаблан низ бархе аз фарзандони мақомоти тоҷик дар тасодуфҳои роҳ муқассир хонда шудаанд. Сонеҳае, ки соли гузашта бо ширкати писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" рух дод, барои муддати дарозе мавзӯъи баҳси расонаҳо буд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ронандагони васоили нақлия аз душвортар шудани шароити ҳаракат дар ҷоддаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки дар канори нақзи муқаррароти ҳаракати васоили нақлия аз сӯйи ронандагон, пиёдаравҳо низ гоҳо мӯҷиби тасодуфот дар роҳ мешаванд.

Матолиби муртабит