Сиёсатмадори давраи Бин Алӣ муддаъии пирӯзӣ дар интихобот шуд

  • 22 Декабр, 2014
Image copyright EPA

Боҷӣ Қоид Алсебсӣ, сиёсатмадори қадимии Тунис, ки дар даврони ҳукумати Зайнулобидин Бини Алӣ соҳибмансаб буд, ба фосилаи кӯтоҳе пас аз поёни раъйгирӣ дар аввалин интихоботи озоди Тунис муддаъии пирӯзӣ шудааст

Назарсанҷиҳо дар марокизи ахзи раъй ҳокист, ки оқои Себсӣ беш аз 55 дарсади ороро ба даст меоварад, аммо натоиҷи расмӣ ҳанӯз эълом нашуда.

Ҳаводрони ин сиёсатмадори 88-сола дар хиёбонҳои пойтахти Тунис ҷашн гирифтаанд.

Аммо ҳаводорони рақиби ӯ Муҳаммад Мунсиф Марзуқӣ, ки раиси ҷумҳури муваққати Тунис аст, мегӯянд, ки натоиҷ наздиктар аз он аст, ки натоиҷи қатъӣ бошад.

Мунтақидони оқои Себсӣ мегӯянд муваффақияти ӯ ба ба маънии бозгашти ташкилоти беэътибори собиқи ҳукуматӣ ба раҳбарии Зайнулобидин Бини Алӣ аст, ки дар инқилоби 2011 барканор шуд, аммо оқои Себсӣ мегӯяд ӯ як текнукрот аст, ки субот хоҳад овард.

Тунис аввалин кишваре буд, ки дар ҷунбиши мавсум ба "Баҳори арабӣ" як раҳбари диктотурро сарнагун кард ва илҳомбахши соири қиёмҳо дар минтақа шуд.

Оқои Себсӣ рӯзи якшанбе дар телевизиюни маҳаллӣ гуфт: "Ман пирӯзиамро ба шуҳадои Тунис тақдим мекунам. Ман аз Марзуқӣ ташаккур мекунам ва акнун бояд бидуни хат задани касе, ҳамкориро шурӯъ кунем."

Аммо рақиби ӯ Муҳаммад Мунсиф Марзуқӣ, ки раиси ҷумҳури муваққати Тунис аст, гуфт, ки "то кунун ҳеҷ натиҷае таъйид нашудааст."

Як сухангӯйи оқои Марзуқӣ ҳам гуфт, ки иддаъои пирӯзии рақиб "поя ва асосе надорад."

Оқои Себсӣ, ки намояндаи ҳизби ғайримазҳабии Нидои Тунис аст, то ба даст овардани 39 дарсади оро даври аввалро бурд. Даври аввали интихобот дар 23 ноябр баргузор шуд.

Матолиби муртабит