Тасодуме дар хиёбони Душанбе ҷони кӯдаки 11-соларо рабурд

  • 24 Декабр, 2014

Пулис аз кушта шудани як кӯдаки 11-сола дар бархӯрди худрав дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилоъи торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 24 декабр пахш шудааст, дар ин воқеъа як кӯдаки дигари 8-сола ҷароҳати сангин бардоштааст.

Пулис мегӯяд, ки ин ду Умед ва Шукрона Шораҳматоваҳо бародар ва хоҳар будаанд, ки дар канори роҳи утумубилгард дар хиёбони Айнии пойтахти Тоҷикистон қарор доштаанд.

Кормандони интизомӣ ҳамчунин ҳуввияти ронандаро мушаххас карда ва аз ӯ Дилшод Шарифов ном бурдаанд. Пулис сабаби ин воқеъаро “аз уҳдаи идораи худрав набаромадани” ронанда арзёбӣ кардаст.

Дар аввоили ин ҳафта ҳамчунин пулис аз кушта шудани кӯдаки дигари 11-сола дар бархӯрди худрав дар ҳумаи шаҳри Душанбе хабар дод.

Ахиран мавориди зери чархи худравҳо мондани кӯдакон ва кушта ва захмӣ шудани онҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.