Афзоиши сонеҳаҳои маргбор бо ширкати ҷавонон дар Тоҷикистон

  • 26 Декабр, 2014

Шаби гузашта як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон дар як сонеҳаи роҳ дар масири Данғара-Душанбе ҷон бохтааст.

Бино ба гузориши торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Маҳмадулло Азимов, сокини ноҳияи Данғара, дар роҳ ба самти Душанбе бо худрави “Упел” ба худрави Шамсиддин Одинаев бархӯрдааст.

Бар асари ин ҳодиса Маҳмадулло Азимов дар маҳалли сонеҳа фавт карда ва Сино Азизови 25-сола, мусофири худрави “Упел” бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ як навҷавони 10-сола дар сонеҳаи роҳ кушта шудааст.

Бино ба иттилоъи Идораи пулиси роҳи вилояти Суғд, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят бар асари сонеҳаҳои роҳ 23 кӯдаку навҷавон ҷон бохта ва 62 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Зимнан, ду рӯз қабл, Маҳмадсаид Саидзода, раҳбари Идораи пулиси роҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зимни суҳбат дар порлумон аз афзоиши мавориди нақзи қавоъиди роҳ аз ҷониби ҷавонону наврасон ва идораи утумубил бидуни санади ронандагӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, панҷ дарсади сонеҳаҳо, ки дар соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ рух дода, аз сӯйи ронандагони навҷавон иттифоқ уфтода ва бар асари онҳо 11 нафар кушта ва 23 нафар захмӣ шудаанд.