Қазоқистон ба панҷ зиндонии Гуонтоному паноҳ дод

  • 2 Январ, 2015
Image copyright AFP

Пентогун, Вазорати дифоъи Омрико эълом карда панҷ нафар аз зиндониёни боздоштгоҳи Гуонтоному, ки беш аз як даҳаро дар ин зиндон сипарӣ карданд, бо қабули давлати Қазоқистон, барои идомаи зиндагӣ ба ин кишвар фиристода шудаанд.

Бинобар ин гузориш, се шаҳрванди Яман ва ду шаҳрванди Тунис ки пештар дар Покистон ба занни ҳамкорӣ бо гурӯҳи Алқоъида боздошт шуда буданд ва ҳеҷгоҳ дар додгоҳе муҳокима нашудаанд ва акнун Пентогун мегӯяд онҳо “дигар таҳдиде барои Омрико маҳсуб намешаванд.”

Дар гузориш шарҳ дода нашудааст, ки барои чӣ ин раҳошудагони Гуонтоному ба кишварҳои худ мунтақил намешаванд. Аммо тибқи муқаррарот маъмулан зиндониёни қаблӣ наметавонанд ба кишварҳои худ, ки амн нестанд, фиристода шаванд.

Бо ирсоли ин гурӯҳ аз зиндониён, шумори муттаҳамоне, ки дар соли 2014 аз Гуонтоному раҳо шуданд ба 27 нафар мерасад, ки бештарин рақам тайи шаш соле аст, ки Борок Убомо ба қудрат расидааст.

Таътили зиндони Гуонтоному яке аз шиъорҳои аслии ҳуқуқи башари Борок Убомо дар соли 2009 ва пас аз вуруд ба Кохи Сафед буд.

Ӯ соли гузашта дар суханронии худ дар миёни намояндагони Кунгураи Омрико хоста буд, ки бо тараф шудани мушкилоти қонунӣ, соли 2014 ба соли баста шудани боздоштгоҳи Гуонтоному табдил шавад.

Аммо танҳо дар моҳи охири соли 2014 буд, ки бештарин теъдоди (дар маҷмуъ 15 нафар) аз ин зиндониён тавонистанд баъд аз солҳо ба берун аз ҷазираи гуонтоному қадам гузоранд.

Ин нахустин бор аст, ки Қазоқистон пазироии зиндониёни Гуонтоному шудааст ва мақомҳои омрикоӣ мегӯянд барои қонеъ кардани ин кишвар моҳҳо миёни Вошингтун ва Остона ройзанӣ шудааст.

Дар авоили моҳи декабри гузашта ҳам чаҳор нафар аз боздоштшудагони Гуонтоному ба Афғонистон таҳвил дода шуданд ва каме баъд шаш нафари дигар ба Уругуай фиристода шуданд.

Image copyright AP

Ассоми панҷ раҳошуда аз Гуонтоному:

  • Осим Тҳабит Абдулло ал-Халақӣ , 46-сола, шаҳрванди Яман
  • Муҳаммад Алӣ Ҳуссейн ал-Хания, 36-сола, шаҳрванди Яман
  • Сабри Муҳаммад ал-Қурайш, 44-сола, шаҳрванди Яман
  • Абдул ал-Ҳаким, 49-сола, шаҳрванди Тунис
  • Абдуллоҳ бин Алӣ бин-Луфтӣ, 48-сола, шаҳрванди Тунис