Рустам Холиқов: “Ширкати “ТоҷикЭйр” вомҳои худро бозпардохт кардааст”

  • 19 Январ, 2015
Рустам Холиқов Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Холиқов мегӯяд, ки дар панҷ моҳи фаъъолияташ дар ин ширкат тавонистааст, ширкатро аз бӯҳрони молӣ берун барорад

Раиси ширкати “ТоҷикЭйр” мегӯяд, ки дар тӯли камтар аз шаш моҳ ин ширкат вомҳои худ дар назди фурӯдгоҳҳои байналмилалиро пардохт кардааст.

Рустам Холиқов, рӯзи душанбеи 19 январ дар нишасти матбӯъотии муштараки фурӯдгоҳи байналмилалӣ ва ширкати “ТоҷиЭйр” гуфт, ки онҳо тавонистаанд, бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкатро таъмин кунанд.

Оқои Холиқов афзуд, ки барои иҷрои ин иқдом онҳо беш аз се милюн дулорро ба манзури таъмири ҳавопаймоҳо масраф кунанд ва ҳамчунин қарор аст дар ояндаи наздик ин ширкат ду ҳавопайморо ба таври лизингӣ барои кор дар ин ширкат ворид кунад.

Оқои Холиқов мегӯяд, ки дар панҷ моҳи фаъъолияташ дар ин ширкат тавонистааст, вайро аз бӯҳрони молӣ берун барорад.

Ӯ афзуд: “Ҳамакнун мо дар назди фурӯдгоҳии байналмилалӣ, ки ширкат ба онҳо парвоз анҷом медод, қарз надорем. Афзун бар ин мо ҳоло бо фурӯдгоҳҳои шаҳрҳое, ки парвоз анҷом медиҳем аз тариқи пешпардохт кор мекунем.”

Оқои Холиқов мегӯяд, ки аз 35 ҳавопаймои ширкати “ТоҷикЭйр” танҳо панҷ ҳавопаймо фаъъол ҳастанд. Яке аз мушкилоти ин ширкат нигаҳдории ҳавопаймоҳо дар ҳолати корӣ будааст. Зеро барои ин иқдом маблағи зиёде зарур будааст.

Аммо вай мегӯяд: “Мо барои харидории ҳавопаймоҳо маблаҳи кофӣ дар ихтиёр надорем. Вале ҳоло барои мо аз ширкати “Бокавиалейшен” пешниҳод барои истифодаи ду ҳавопаймои тавлиди соли 2014 расидааст. Агар давлати Тоҷикистон ба ин пешниҳод посухи мусбӣ диҳад, мо дар ояндаи наздик ин ҳавопаймоҳҳоро барои истифода ба таври лизингӣ ба Тоҷикистон ворид мекунем.”

Раиси ширкати “ТоҷикЭйр”, ки ҳамзамон раҳбарии фурӯдгоҳи байналмилалии Душанберо бар уҳда дорад, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои ширкати “ТоҷикЭйр” ба панҷ шаҳри Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Эрон, Чин ва Ҳинд парвозҳо анҷом медиҳад.

Оқои Холиқов мегӯяд, ки аз ҳамаи мусофироне, ки аз ширкати давлатии “ТоҷикЭйр” барои сафар ба Русия истифода мекунанд, барои тағйири муваққатии парвозҳо, ки бо масири Душанбе-Хуҷанд-Маскав парвоз мекунанд, узрхоҳӣ мекунад.

Вай афзуд: “Аммо ин тағйироти парвозҳо барои як муддате буда ва мо ба хотири мушкилоти мавҷуда дар ширкат водор шудем, ки аз ин шева истифода кунем.”

Масъулони ширкат мегӯянд, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро бо масири Душанбе-Шарҷа аз сар гирифтаанд ва қарор аст дар ояндаи наздик паврозҳо бо масири Хуҷанд-Истонбулро оғоз кунанд.

Аммо оқои Холиқов дар бораи иттилоъ дар мавриди аз сар гирифтани парвозҳои миёни Узбакистон ва Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир гуфт, ки то ҳол расман дархсоте барои оғози ин парвозҳо ба фурӯдгоҳи байналмилалии Тоҷикистон нарасидааст.

Матолиби муртабит