Давлати тозаи Тунис бидуни ҳузури исломгароён ташкил мешавад

  • 24 Январ, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Алҳабиб Алсайд (чап) маъмури ташкили кобинеи тозаи Тунис шудааст

Алҳабиб Алсайд, нахуствазири Тунис, гуфтааст давлати тозаи ин кишварро бидуни ҳузури аҳзоби исломгарои миёнарав ташкил медиҳад.

Оқои Алсайд, ки дар пайи пирӯзии Боҷӣ Қоид Алсибсӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маъмури ташкили кобине шудааст, мегӯяд давлати тозаи ин кишварро пас аз машварат бо ҳизби секулори "Нидои Тунис", дигар аҳзоби кучактар дар порлумон ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ ташкил додааст.

Давлати тозаи Тунис бояд аз порлумони ин кишвар раъйи эътимод бигирад.

Ҳизби "Нидои Тунис" дар интихоботи моҳи октябр тавонист ағлаби курсиҳои порлумонро ба худ ихтисос диҳад.

Оқои Алсайд пеш аз он ки маъмури ташкили кобине шавад, вазири кишвар дар давлати қаблии Тунис буд.

Чанд вазоратхонаи калидӣ дар давлати тоза монанди хориҷа, роҳ ва беҳдошт ба чеҳраҳое аз ҳизби "Нидои Тунис" дода шудааст.

Image copyright AFP
Image caption Оқои Алсайд пеш аз он ки маъмури ташкили кобине шавад, вазири кишвар дар давлати қаблии Тунис буд

Ба гуфтаи оқои Алсайд, кобинеи тозаи Тунис "дар ростои барномаи ҳизби Нидои Тунис ва бо кумаки дигар аҳзоб барои ҳама тунисиҳо кор мекунад, то демукросӣ иҷро шавад."

Пештар ҳизби исломгарои Наҳзат, ки дорои дувумин ҷойгоҳ дар порлумони ин кишвар аст, талош дошт, то бо ҳизби "Нидои Тунис" кобинеи ваҳдати миллӣ ташкил диҳад.

Раҳбарони "Нидои Тунис" ба шакли ошкор бо ташкили давлати эътилофӣ мухолифат накарданд, аммо чеҳраҳои тундрави ин ҳизби секулор бо ҳар гуна эътилоф бо ҳизби Наҳзат мухолиф буданд, зеро ба гуфтаи онҳо ҳизби Наҳзат омили бурузи нооромиҳои се соли ахир дар Тунис будааст.

Рӯзи ҷумъа раҳбарони ҳзби Наҳзат дар бораи қабули давлати тозаи Тунис машварат карданд.

Дар порлумони тозаи Тунис ҳеҷ ҳизбе аз аксарияти мутлақ бархӯрдор нест ва дар чаҳор соли гузашта аҳзоби исломгаро ва секулор барои пешбурди барномаҳои сиёсии худ бо якдигар мусолиҳа кардаанд.

Тунис яке аз секулортарин кишварҳои ҷаҳони араб аст ва бо баргузории интихоботи озод ва тадвини Қонуни асосии тоза ба унвони намунаи муваққатӣ аз даврони гузор ба демукросӣ дар минтақаи Ховари Миёна маҳсуб мешавад.