Порлумони Бритониё хостори ташдиди амалиёти ҷангӣ алайҳи Доъиш шуд

  • 5 Феврал, 2015
Image copyright PA
Image caption Порлумони Бритониё мизони мушорикати ин кишвар дар ҷанг алайҳи Доъишро кофӣ надонистааст

Намояндагони порлумони Бритониё аз ташдиди амалиёти кишварашон алайҳи Доъиш ҳимоят карда ва номзади тасаддии вазорати дифоъи Омрико хостори афзоиши кумаки низомӣ ба Урдун шудааст.

Ҳайъати таҳқиқи порлумони Бритониё мушорикати ин кишвар дар эътилофи низомӣ алайҳи Доъишро нокофӣ дониста ва гуфтааст, ки барои поён додан ба ишғоли хоки Ироқ ва Сурия тавассути нерӯҳои Давлати Исломӣ, иқдомоти низомии бештари Бритониё лозим аст.

Ин ҳайъат, ки аз намояндагони мунтахаби аҳзоби мухталиф дар порлумон ташкил ёфта, дар гузориши худ гуфтааст, ки Бритониё тахассус ва манобеъи лозимро дар ихтиёр дорад, то битавонад аз нерӯҳои низомии Ироқ дар ҷанг алайҳи Давлати Исломӣ пуштибонии бештаре ба амал оварад ва ҳамзамон ба пешбурди як роҳи ҳалли сиёсӣ ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллии Ироқ ва аз миён бурдани заминаи ҳузур ва рушди гурӯҳҳое монанди Доъиш кумак кунад.

Аъзои ҳайъат дар гузориши худ аз ин ки фармондеҳони нерӯҳои сегонаи Бритониё ҳангоми ҳузур дар баробари ин кумите ҳатто натавонистанд тасвири рӯшане аз аҳдофи низомии худ дар Ироқ тарсим кунанд, ибрози таъаҷҷуб карда ва гуфтааст, ки то кунун танҳо 6 дарсад аз кулли амалиёти ҳавоии эътилофи зиддидоъиш тавассути нерӯи ҳавоии Бритониё анҷом шудааст дар ҳоле ки ин кишвар аз тавоноӣ ва имконоти бамаротиб бештаре дар ин замина бархӯрдор аст.

Image copyright MOD
Image caption Нерӯи ҳавоии Бритониё танҳо дар бахши кучаке аз амалиёти зиддидоъиш ширкат доштааст

Дар ин гузориш омадааст, ки "Доъиш сарзаминҳое ба вусъати кулли хоки Бритониёро дар ишғол дорад, милиюнҳо нафарро бехонумон карда, таҳдиде ҷиддиро мутаваҷҷеҳи субот ва амнияти кишварҳои ҳамсоя сохт ва ҳудуди бист ҳазор пайкорҷӯи хориҷиро ҷазби суфуфи худ кардааст, ки бисёре аз онон ба анҷоми иқдомоти теруристӣ дар сатҳи ҷаҳон мутаъаҳҳид ҳастанд, бо ин ҳама, Бритониё нақше бисёр маҳдудро дар муқобила бо ин падида бар уҳда гирифтааст."

Бар асоси ин гузориш, дар моҳи декабри соли гузашта, ба истиснои иқлими Курдистон, танҳо се мушовири бритониёӣ дар он кишвар ҳузур доштанд, дар ҳоле ки 400 мушовир аз Устролиё, 270 тан аз Итолиё ва 300 нафар аз Испониё барои кумак ба давлати Ироқ дар ин кишвар буданд. Ин ҳайъат гуфтааст, ки бо вуҷуди собиқаи таърихии иртиботи Бритониё ва Ироқ ва шинохте, ки коршиносони бритониёӣ аз хусусиёти он кишвар доранд, афроде бо тахасуси лозим барои кумак ба мқобила бо Доъиш ба Ироқ эъзом нашудаанд.

Ин ҳайъат тавсия кардааст, ки давлати Бритониё тахассус ва имконоти бештареро ҷиҳати кумак ба тадвини "тарҳе воқеъгароёна" барои иқдомоти эътилофи зидди Доъиш ихтисос диҳад ва омодагии онро дошта бошад, то дар сурати эъломи омодагии нерӯҳои ироқӣ ва пешмаргаҳои курд барои даст задан ба амалиёти таҳоҷумии васеътар алайҳи нерӯҳои Давлати Исломӣ, аз чунин амалиёте пӯшиши ҳавоии муносибе ба амал оварад.

Image copyright AFP
Image caption Кортер (чап) ваъдаи тасреъ дар кумак ба Урдунро дода ва Мак Кейн барои тасвиби қавонини мавриди ниёз эъломи омодагӣ кардааст.

Бритониё аз кишварҳои узви эътилофи байналмилалии зидди Доъиш аст, ки бо ҳадафи анҷоми амалиёти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи ин гурӯҳ ташкил шуда, аммо мушорикат дар амалиёти ҳавоӣ алайҳи Доъишро ба Ироқ маҳдуд карда ва дар ҳамла ба мавозеъи Доъиш дар Сурия ширкат надоштаст.

Амалиёти ҳавоии зиддидоъиш дар Ироқ ба даъват ва мувофиқати давлати ин кишвар сурат мегирад, аммо аз онҷо, ки кишварҳои узви эътилофи зиддидоъиш умуман равобити дӯстонае бо ҳукумати Башор Асад дар Сурия надорад, дар садади касби тавофуқ ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои давлатии сурӣ барнаёмадаанд, дар ҳоле ки бархе ҳуқуқдонон нисбат ба мабнои чунин амалиёте дар ҳуқуқи байналмилал ибрози нигаронӣ кардаанд. Ба истиснои Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои ғарбии узви эътилоф бинобар мулоҳизоти ҳуқуқӣ, дар амалиёти ҳавоӣ дар хоки Сурия ширкат намекунанд.

Вазири дифоъи Бритониё гуфта, ки дар ҳафтаҳои ахир пешрафтҳое қобили таваҷҷуҳ дар муқобила бо Доъиш ба даст омада ва афзудааст, ки амалиёти нерӯҳои ҳавоии Бритониё алайҳи Доъиш ба шакле муассир ва коромад ба иҷро гузошта шуда ва ба тағйир дар раванди ҷанг кумак кардааст. Вай гуфтааст ки Бритониё бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои мавҷуд дар саҳнаи ҷанг мушорикати худ дар амалиёти зиддидоъишро танзим мекунад.

Матолиби муртабит