Убомо хоҳони мусаввабаи Кунгре барои амалиёт алайҳи Доъиш шуд

  • 12 Феврал, 2015
Image copyright epa

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз Кунгреи ин кишвар хостааст, ки муҷаввизи як амалиёти низомии сесола алайҳи гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш)-ро содир кунад.

Ин амалиёт метавонад шомили амалиёти маҳдуди заминӣ ҳам бошад. Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ихтиёри ҳамла ба ин гурӯҳро дорад, аммо хоҳони ҳимояти ошкори Кунгре аст.

Раиси ҷумҳурии Омрико гуфт, ки аз Кунгре хостори муҷаввиз барои истиқрори нерӯҳои заминӣ намешавад. Ӯ гуфт, ки чунин иқдоме барои муқобала бо Доъиш лозим нест, ҳарчанд имкони истиқрори нерӯҳои вижа дар шароити маҳдудро мардуд надонист.

Оқои Убомо гуфт, ки тасвиби пешнависи қатъномаи ироашуда тавассути давлат дар Кунгре ба дунё ва ба низомиёни омрикоӣ ин паёмро хоҳад фиристод, ки омрикоиҳо дар ин маврид мутаҳид ҳастанд.

Ӯ гуфт, ки тасвиби ин қатънома ба маънои иродаи давлати Омрико барои ворид шудан ба як ҷанги заминии васеъ дар Ироқ ё Сурия нест, чиро ки ӯ оғози як ҷанги ҷадидро мутобиқи манофеъи миллии Омрико намедонад.

Оқои Убомо гуфт, ки амалиёти эътилоф ба раҳбарии Омрико таҷҳизот, нафарот ва раҳбарони Доъишро ҳадаф қарор дода ва ин гурӯҳро башиддат тазъиф кардааст, аммо идомаи кор душвор ва тӯлонӣ хоҳад буд.

Пас аз Ҷурҷ Буш, ки дар соли 2002 аз Кунгре мусаввабаи ҳамла ба Ироқро дархост кард, ин нахустин бор аст, ки раиси ҷумҳурии Омрико чунин дархостеро матраҳ мекунад.

Ҷон Бейнер, раиси ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Омрико, гуфтааст, ки дар мавриди ин дархости оқои Убомо мулоҳизоте дорад.

Гурӯҳи Доъиш дар ҳоли ҳозир бар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия тасаллут дорад. Омрико барои набард бо ин гурӯҳ эътилофе ташкил додааст ва алайҳи он ҳамалоти ҳавоӣ анҷом медиҳад.

'Доъиш шикаст мехурад'

Image copyright Reuters
Image caption Доъиш аз Раққа дар Сурия ба унвони маркази қудрати худ истифода мекунад

Оқои Убомо гуфт: "Эътилофи мо дар ҳолати таҳоҷумӣ аст. Доъиш дар ҳоли тадофуъӣ аст ва шикаст хоҳад хурд."

Ӯ алайҳи кашондани Омрико ба як ҷанги заминии дигар ҳушдор дод ва аз қонунгузорон хост ҷабҳае муттаҳид ба намоиш бигзоранд.

Борок Убомо дар нутқе дар Кохи Сафед гуфт, ки пешнависи муҷаввизи амалиёти низомӣ асли аҳдофи маъмурият "барои тазъифу нобудии" Доъишро иваз намекунад.

Оқои Убомо дар ҳоле ки муъовинаш Ҷӯ Бойден ва вузарои хориҷа ва дифоъи Омрико дар канораш истода буданд, гуфт ин ба маънои як ҷанги "бепоён нест."

Ӯ гуфт, ки "қонеъ шуда, ки Иёлоти Муттаҳида набояд ба як ҷанги тӯлонии заминии дигар дар Ховари Миёна кашида шавад", аммо гуфт, ки набард бо Доъиш "муддате замон мебарад."

Оқои Убомо гуфт: "Иштибоҳ накунед. Ин як маъмурияти душвор аст. Аммо эътилофи мо дар ҳолати таҳоҷумӣ аст. Доъиш дар ҳолати тадофуъӣ аст ва Доъиш ҷангро хоҳад бохт."

Пешнависи муҷаввизи амалиёти низомӣ, ки чаҳоршанбе матраҳ шуд, муҷаввизи соли 2002 барои истифода аз нерӯи низомиро лағв мекунад. Аммо ин санад як қатъномаи соли 2001 барои таъқиби авомили Алқоъидаро, ки пас аз ҳамалоти теруристии 11 сентябр тасвиб шуда, ба қуввати худ боқӣ мегузорад.

Торо МакКелвӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошангтун, мегӯяд, ки ин пешнавис ҷанбае сиёсӣ ҳам дорад. Либеролҳо дар Омрико аз муҷаввизи ҷанге, ки дар соли 2002 ба Ҷурҷ Буш дода шуд, нороҳат буданд, чун оқои Убомо аз он барои ҳамалот бо паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) ва куштани як шаҳрванди омрикоӣ Анвар ал-Авлакӣ дар Яман истифода кард.

Оқои Убомо дар номае ба Кунгре гуфт, ки "қавонини мавҷуд" ба ӯ иҷозаи ҳамалоти ҳавоиро медиҳад, аммо "ман мукарраран таъаҳҳудамро ба ҳамкорӣ бо Кунгре барои вазъи як муҷаввизи фароҳизбӣ барои истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Доъиш баён кардаам."

Ин тарҳ метавонад шомили истифодаи маҳдуд аз амалиёти заминӣ алайҳи Доъиш бошад.

Масъалаи истифода аз нерӯи заминӣ ҳатто ба сурати маҳдуд тасвиби тарҳро душвортар хоҳад кард. Баъзе ҷумҳурихоҳон хостори истифода аз нерӯи заминӣ ҳастанд, аммо бисёре дар ҳизби демукрот, ҳизби худи оқои Убомо, бо он мухолифанд.

Матолиби муртабит