Ҳамлаи ҷангандаҳои Эф16-и Миср ба мавозеъи Доъиш дар Либӣ

  • 16 Феврал, 2015
Таҷаммуъи хонаводаи гаравгонҳои масеҳӣ Image copyright AP
Image caption Таҷаммуъи хонаводаи гаравгонҳои масеҳӣ пеш аз интишори видеуи марги онон

Артиши Миср мегӯяд ба талофии сар буридани 21 мисрӣ тавассути нерӯҳои мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) ба мавозеъи ин гурӯҳ дар Либӣ ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.

Артиши Миср гуфта ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ урдӯгоҳҳои низомӣ ва пойгоҳҳои омӯзишии нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар Либӣ будааст.Мақомҳои Миср гуфтаанд шаш ҷангандаи Эф16-и Миср ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳри соҳилии Дерна дар шимоли шарқии Либӣ анҷом додаанд.

Сақер ал-Ҷуюшӣ, аз фармондеҳони нерӯи ҳавоии Миср, гуфта дар ин ҳамалот дастикам чиҳил нафар аз шибҳинизомиён кушта шудаанд.

Чанд соъат пеш аз ин ҳамла як гурӯҳи вафодор ба "Давлати исломӣ" видеуеро мунташир кард, ки дар он саҳнаи буридани сари 21 масеҳии қибтии мисрӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Дар бораи ин видеу инҷо бештар бихонед.

Артиш иттилоъии ҳамлаи ҳавоӣ ба нерӯҳои Доъишро аз тариқи телевизиюни давлатии Миср мунташир кардааст.

Масеҳиёни қибтии Миср, ки видеуи буридани сари онон мунташир шуда, пештар ба дасти шохаи Доъиш дар Либӣ рабуда шуда буданд.

Image copyright REUTERS
Image caption Хонаводаҳои масеҳиёни рабудашуда хостори иқдоми ҷиддии давлат шуда буданд.

Дар видеуе, ки Доъиш мунташир карда, гурӯҳи масеҳиёни мисрӣ, ки либосҳои норанҷӣ ба тан доранд, дар наздикии дарё зону зудаанд ва шибҳинизомиён ба таври ҳамзамон сари онҳоро мебуранд.

Андаке пас аз интишори ин видеу Шӯрои амнияти миллии Миср ба дастури Абдулфаттоҳи Сисӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ташкили ҷаласаи изтирорӣ дод, то роҳҳои вокуниши муносиб ба иқдоми Доъишро баррасӣ кунад.

Оқои Сисӣ дар як суханронӣ дар телевизиюни Миср қотилонро "ҷинояткорони ваҳшӣ" тавсиф кард.

Ӯ пештар гуфта буд Миср ҳақ дорад, ҳар гуна ки лозим медонад, ба ин иқдоми гурӯҳи Доъиш посух диҳад.

Раиси ҷумҳурии Миср ҳамчунин ҳар гуна сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Либиро то иттилоъи сонавӣ мамнӯъ кард.

_____________________

Таҳлил; Нафисаи Кӯҳнавард, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут:

Бо ин Миср аз ҳамон ибтидо ва албатта бо ройзаниҳои фаровони Омрико ба эътилоф алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст, то кунун дар амалиёти низомии нерӯҳои эътилоф ширкат надоштааст.

Женерол Сисӣ авлавияти Мисрро ҳифзи сабот ва амният дар дохили марзҳои кишвар хонда ва таъкид карда буд, то вақте лозим набошад, дар амалиёти низомӣ хориҷ аз марзҳо нақше нахоҳад дошт. Бахусус ин ки артиши Миср дар саҳрои Сино ҳам бо гурӯҳҳои ҷиҳодӣ даргир аст ва дар гузашта нерӯҳои амниятии ин кишвар борҳо ҳадафи ҳамалоти интиҳории гурӯҳҳое ҳамчун Ансори Байтулмақдис будаанд. Гурӯҳе, ки бо Доъиш паймон баста ва дар шаш моҳи гузашта дар посух ба дархости раҳбари ин гурӯҳ барои "иқдом алайҳи хоинҳо" дастикам сари ҳафт низомии мисриро дар саҳрои Сино аз тан ҷудо кардааст.

Аммо бо оғози фаъъолиятҳо ва ҳамалоти Доъиш дар Либӣ, Миср худро беш аз пеш бо хатари сирояти лашкаркашиҳои ин гурӯҳ дар минтақа мувоҷеҳ дид ва фишорҳо бар женерол Сисӣ барои иқдоме ҷиддӣ алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳам бештар ва бештар шуд. Ба назар мерасад бо интишори видеуи ба қатл расидани 21 масеҳии қибтии мисрӣ дар Либӣ артиши Миср басахтӣ метавонист аз роҳе ғайр аз ҳамлаи низомӣ афкори умумии Миср ва ҳамчунин муттаҳидони ғарби ва минтақаии худро розӣ кунад.

Ҳарчанд ин барои женерол Сисӣ дар остонаи интихоботи порлумонӣ фурсатест барои ба даст овардани дили бисёре аз мисриҳо, бавижа масеҳиён, ки ҳудуди даҳ дарсад аз ҷомеъаи ин кишварро ташкил медиҳанд.

_____________________

Image copyright AP
Image caption Хешованди яке аз масеҳиёни кушташудаи мисрӣ дар рустояшон дар шимоли Миср

Ин гурӯҳ аз масеҳиёни қибтии Миср, ки дар шаҳри соҳилии Сирт дар Либӣ кор мекарданд, дар моҳҳои декабр ва январ ба дасти исломгароёне рабуда шуданд, ки акнун кунтрули ин шаҳрро дар даст доранд.

Гурӯҳе аз исломгароёни тундрав дар Либӣ, ки пештар бо гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" байъат карда буданд, рӯзи якшанбе видеуи сар буридани ин шаҳрвандони мисриро мунташир кардааст.

Ин видеу аз сӯи раҳбарони Алазҳар, олитарин ниҳоди исломӣ дар Миср, "ваҳшиёна" тавсиф шудааст.

Давлати Миср ба ёди қурбониён як ҳафта азои умумӣ эълом кардааст.

Image copyright AFP
Image caption Артиш гуфтааст ҳамалоти ҳавоӣ субҳи зуд ба вақти Қоҳира анҷом шудааст

Матолиби муртабит